Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи байни Айниву Панҷакент таъмир мешавад?


Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, ки ба Тоҷикистон барои таъмири роҳҳои мошингард 100 миллион доллар медиҳад. Намояндагии ин бонк дар Душанбе гуфтааст, ин маблағ барои таъмири 113 километр роҳи миёни Айнӣ ва Панҷакент ба масраф мерасад. Ба он роҳи миёни шаҳри Панҷакент то марз ба Узбакистон низ дохил мешавад.

Ин қисмати роҳ замоне аз роҳи абрешум ба шумор мерафт ва Ҷануби Осиёву Ховари Миёнаро бо Русия ва Аврупои Ғарбӣ васл мекард.
XS
SM
MD
LG