Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаи байналмилалӣ ба Сурия рафт


 Ахзар Иброҳимӣ (Lakhdar Brahimi)-фиристодаи СММ ва Ҷомеа ё худ Лигаи кишварҳои араб дар Сурия

Ахзар Иброҳимӣ (Lakhdar Brahimi)-фиристодаи СММ ва Ҷомеа ё худ Лигаи кишварҳои араб дар Сурия

Фиристодаи СММ ва Ҷомеа ё худ Лигаи кишварҳои араб дар Сурия Ахзар Иброҳимӣ (Lakhdar Brahimi) рӯзи панҷшанбе барои аввалин бор аз замони пешбариаш ба ин мансаб вориди Димашқ шуд. Имрӯз мулоқоти Иброҳимӣ бо вазири корҳои хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим мадди назар гирифта шудааст. Ҳоло маълум нест, ки Иброҳимӣ бо президенти Сурия Башор ал-Асад мулоқот хоҳад кард ё не? Моҳи август собиқ дабири кулли СММ Кофӣ Аннон бо ишора ба ихтилоф миёни аъзои Шӯрои Амният и СММ дар масъалаи Сурия аз мақоми фиристодаи СММ ва Ҷомеа кишварҳои араб дар ин кишвар истеъфо дод ва ҷои ӯро Иброҳимӣ гирифт. Фаъолони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, дар давоми якуним соли ошӯб бар зидди режими Асад дар Сурия беш аз 27 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG