Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунгоҳи ҳастаии СММ Эронро маломат мекунад


Алӣ Асғар Султония-намояндаи Эрон дар Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ
Алӣ Асғар Султония-намояндаи Эрон дар Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ
Имрӯз аъзои Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ ё худ бунгоҳи ҳастаии СММ лоиҳаи қатъномаро, ки дар он Эрон ба хотири сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо муфаттишони ҳастаӣ мавриди маломат қарор гирифтааст, ба овоздиҳӣ мегузоранд. Қатъномаро Британия, Чин, Русия, Олмон ва ИМА матраҳ намудаанд. Дар ин санад аз идомаи ғанигардонии уран ва фаъолиятҳои марбут бо оби вазнин дар Эрон “нигаронии ҷиддӣ” иброз шудааст. Қатънома ҳамчунон аз Эрон даъват мекунад, ки муфаттишони бунгоҳи ҳастаии СММ-ро ба коргоҳи ҳастаии Парчин роҳ диҳад. Муфаттишон тахмин мекунанд, ки дар Парчин даҳ сол пеш озмоишҳои марбут бо тавлиди силоҳи ҳастаӣ ҷой доштааст. Дар гузориши Агентӣ таъкид шудааст, ки сар аз тобистони гузашта дар Эрон имконоти ғанигардонии уран ва захираи урани ғанигардонидашуда афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG