Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле, ки кишварҳои минтақа масъали обу энержиро дар Қирғизистон баррасӣ мекунанд, пешгӯи мешавад, ки имкони низоъ бар сари об бештар шудааст.

Тоҷикистон хостори ҳамгироии амалии кишварҳои минтақа дар ҳалли тақсими дурусти захоири оби Осиёи Миёна шудааст. Дафтари матбуоти вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон аз баргузории нишасти кишварҳои Осиёи марказӣ дар Қирғизистон гузорриш дод, ки масоили обу энержиро ба баррасӣ гирифтаанд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин форум Назар Ғоибов, сардори раёсати вазорати энергетика ва саноат раҳбарӣ мекунад. Дар ин нишаст ҷониби Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи обию барқии Роғунро ҳамчун танзимбахши захоири об дар Осиёи Марказӣ унвон кардааст.

Ба қавли Дафтари матбуоти ин вазорат, намояндаи Тоҷикистон Назар Ғоибов дар мавриди иддаои баъзе кишварҳои ҳамсоя гуфтааст, ки ҳадафи аз бунёди "Роғун" қатъ кардани об ба тарафи кишварҳои поёноб набуду нест. Баръакc, Тоҷикистон мехоҳад садҳо ҳектор заминҳои сӯхтаро обёрӣ кунад. Намояндаи Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш ҷонибдори ҳалли мунсифонаи тақсими захоири оби Осиёи Марказӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Кэтрин Эштон, намояндаи Иттиҳоди Аврпуо дар умури масоили хориҷӣ гуфт, ки имкони низоъ бар сари манобеи энержӣ дар Осиёи Марказӣ заминаҳои воқеъи дорад. Ӯ гуфт, ки Брюссел таҳаввулоти авзоъ дар ин минтақаро ҷиддан пайгирӣ мекунад.

Ҳафтаи гузашта раиси ҷуҳмури Узбакистон Ислом Каримов дар ҷараёни сафараш ба Остона - пойтахти Қазоқистон гуфт, ки баҳси об минтақаро ба низоъ мекашонад.
Кишварҳои поёноб аз он нигаронанд, ки бунёди ниругоҳи Роғун соҳаи кишоварзии онҳоро ба бӯҳрони беобӣ рӯ ба рӯ мекунад.

Аммо ин далел, ки пешгӯиҳои монанд ба ин дар даҳсолаи ахир амалӣ нашудаанд, итминонеро ба вуҷуд овардааст, ки ҳеҷ ҷонибе на дар минтақа ва на аз хориҷ ба бурузи низоъҳои густарда дар ин минтақаи пур аз захоири энержӣ манфиатдор нестанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG