Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мораторияи ангишти Қирғизистон ба Тоҷикистон?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як вакили парлумони Қирғизистон ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки интиқоли ангишт ба Тоҷикистонро барои як давраи муайян манъ кунад.

Назаралӣ Орифов, вакили порлумони Қирғизистон рӯзи панҷшанбе ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки ин пешниҳод аз ҷониби ӯ ба ҳукумати Қирғистон сурат гирифтааст.

Ба қавли вай, бинобар интиқоли ангишт ба Тоҷикистон, нархи ин маводи сӯхт дар манотиқи шимолии Қирғизистон бамаротиб боло рафтааст.

Аз ҷумла барои иншоотҳои иҷтимоӣ дар вилояти Ботканд нархи як тонна ангишт ба қимати 7 ҳазор сом ва барои аҳолии он ҷо ба нархи 10-11 ҳазор сом баробар шудааст.

Ба қавли вакили порлумони Қирғизистон Назаралӣ Орипов, агар ҳукумати ин кишвар аз ҳоло чораҳои амалӣ наҷӯяд, имкон дорад дар рӯзҳои наздик нархи як тонна ангишт ба 20 ҳазор сом бирасад.

Зимнан, ҳукумати Тоҷикистон бо як қарори худ дар моҳи майи соли ҷорӣ, содироти ангишт аз қаламрави Тоҷикистон ба хориҷаро манъ карда буд..

Ба қавли Гул Шералӣ, вазири энергетика ва cаноати Тоҷикистон, ҳаҷми умумии манобеи ангишти ин кишвар ҳудуди 5 миллиард тоннаро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 16 кони ангишти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Соли гузашта Тоҷикистон 236 ҳазор тонна ангишт тавлид кардааст.

Ин вазорат мегӯяд, ки ангишти Қирғизистонро аслан сокинони навоҳии ҳаммарз бо вилояти Ботканд барои сарфи ниёзи худ, ворид мекунанд.
XS
SM
MD
LG