Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷмаи миллии Либия нахуствазири нав интихоб кард


Маҷмаи милии Либия Мустафо Абу Шагур-муовини нахуствазирро нахуствазири нави ин кишвар интихоб кард. Дар даври дуввуми райдиҳӣ Мустафо Абу Шагур бо аксарияти ночиз бар Маҳмуд Ҷибрил пирӯз шуд. Ҷибрил баъд аз сарнагунии режими Муаммар Қаззофӣ аз соли гузашта то ҳол нахуствазири давраи гузори Либия буд.

Абу Шагур қавл дод, ки таъмини амният дар садри барномаҳои фаъолияти вай қарор хоҳад дошт. Вай 18 моҳ дар ин мақом кор хоҳад кард.

Ин интихобот баъд аз як рӯзи куштори сафири Амрико ва се корманди ин сафорат дар Бенғозӣ баргузор шуд.

Абу Шагур таърихи тӯлонии мухолифат бо Муаммар Қаззофиро дорад. Вай дар Амрико унвони илмӣ гирифтааст ва дар яке аз марказҳои илмии Амрико муҳандиси оптика будааст.
XS
SM
MD
LG