Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 20 соли ахир маргу мири кӯдак 40 дарсад кам шудааст


UNICEF ё Бунёди кӯдакони СММ дар гузориши нави худ мегӯяд, шумораи кӯдаконе, ки то панҷсолагӣ мемиранд, дар давоми 20 соли ахир 40 дарсад коҳиш ёфтааст. UNICEF тахмин мезанад, ки аз соли 1990 то соли 2011 шумораи кӯдакони фавтида аз 12 миллион нафар ба 6,9 миллион нафар расидааст.

Сабаби коҳиши маргу мири кӯдак дар ҷаҳон ин будааст, ки баъзе кишварҳои фақир пешрафт кардаанд ва дар баъзе кишварҳои дигар кӯмакҳои тиббӣ бештар расидааст ва бар зидди бемориҳои маъмул тадбирҳои беҳдоштӣ анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG