Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Сан-Франсиско iPhone5 муаррифӣ шуд


Ширкати Apple рӯзи чаҳоршанбе дар Сан-Франсиско навъи нави iPhone-ро муаррифӣ кард.

Фил Шиллер-муовини раиси ширкат ҳангоми муаррифии iPhone5 онро “алмоси воқеӣ”номид.

Вазни iPhone5 112 грам ва нисбат ба iPhone4 20 дарсад сабуктар аст.
Баданаи ин смартфон аз алюмин ва шиша сохта шудааст ва ғафсии телефон 7 мм мебошад.

Фурӯши iPhone5 дар Амрико 21 сентябр оғоз хоҳад шуд ва то охири сол тақрибан дар 100 кишвар ба фурӯш мебарояд.
XS
SM
MD
LG