Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар Тоҷикистон тафси ҳаво каме поин меравад


Тибқи маълумоти ҳавошиносон имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои гарм, вале муътадил боқӣ мемонад. Дар Душанбе рӯзона 28-32 дараҷа гарм мешавад.

Дар Кӯлоб нисбат ба дирӯз ҳарорат каме поин меравад ва рӯзона ба 33 дараҷа мерасад.

Дар Хуҷанд рӯзона 27-31 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар водии Вахш низ нисбат ба дирӯз тафси ҳаво камтар мешавад ва гармо ба 34 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Бадахшон ҳаво рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG