Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон чӣ мешавад?


Анатолий Антонов-муовини вазири дифои Русия дар ҷараёни боздиди худ аз Душанбе ба матбуот гуфтааст, ки Тоҷикистону Русия дар ҳафтаҳои наздик тарҳи созишнома роҷеъ ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро таҳия хоҳанд кард.

Антонов гуфтааст, ду-се масъалаи ҳалнашуда боқӣ мондааст ва коршиносони онҳо ин масъалаҳоро баррасӣ ва ҳал хоҳанд кард.

Пойгоҳи низомии Русия аз 7 ҳазор низомӣ иборат аст ва бузургтарин пойгоҳи ин кишвар дар хориҷа аз Русия ба шумор меравад.

Дар баъзе хабарҳо омадааст, ки Русия мехоҳад барои 30 сол дар бораи ҳузури пойгоҳаш дар Тоҷикистон бо Душанбе созишнома имзо кунад. Қаблан Русия дар бораи 49 сол сӯҳбат мекард.
XS
SM
MD
LG