Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзноманигори машҳури қазоқ ба додгоҳ кашонда шуд


Лукпан Аҳмедёров

Лукпан Аҳмедёров

Лукпан Аҳмедёров яке аз рӯзноманигорони мустақили ва машҳури Қазоқистон дар шаҳри Орали ин кишвар ба додгоҳ кашонда шуд. Як корманди пулиси маҳаллӣ бар зидди вай ба додгоҳ шикоят бурдааст. Вай дар шикояти худ гуфтааст, ки мақолаи Аҳмедёров эътибори вайро чун корманди ниҳоди интизомӣ поин бурдааст ва барои ин аз вай 3 миллион танга баробар бо 19 700 доллар ҷуброн мехоҳад.

Аҳмедёров дар рӯзномаи мустақили “Оралская Неделя” кор мекунад. Вай аз як ҳамла ҷон ба саломат бурда буд. Моҳи апрел афроди ношинос ба Аҳмадёров корд заданд ва аз тапончаи пневматикӣ тир холӣ карданд.

Аҳмедёров мегӯяд, ҳамла ба вай ва парванда бар зидди вай ангезаи сиёсӣ дорад. Моҳи гузашта вай барои мақолаҳояш барандаи ҷоизаи муътабари байналмиллалии Петер Маклер шуда буд.
XS
SM
MD
LG