Пайвандҳои дастрасӣ

Коргардони филми амрикоӣ дар бораи Муҳаммад пинҳон шудааст


Саҳнае аз филм дар бораи Муҳаммад

Саҳнае аз филм дар бораи Муҳаммад

Коргардони филми зидди исломӣ, ки сабаби ҳамлаи маргбор ба сафорати Амрико дар Миср ва консулгарии Амрико дар Бенғозии Либия гардид, пинҳон шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳо аз қавли Сэм Бейсил, ки мушовир ва ҳамзамон коргардони филм низ ҳаст, нақли қавл кардаанд.

Филми вай сабаби куштори сафири Амрико ва се корманди сафорат дар Либия шуд.
Тазоҳуркунандагон дар Қоҳира низ ба сафорати Амрико ҳамла бурданд, вале талафоте ба бор наомад.

Бейсил-коргардони ин филм соҳиби як коргоҳи зоҳиркунандаи акс дар Калифония мебошад ва худро яҳудии Исроил муаррифӣ кардааст.

Вале дар баъзе мақолаҳо гуфта мешавад, ки Бейсил номи аслии коргардон нест ва вай исроилӣ ҳам намебошад. Вай гуфтааст, барои он ин филмро таҳия кардааст, ки “ислом саратон аст”.

Дар ин филм Муҳаммад ҳиллагару занбоз тасвир шудааст. Мусулмонон ҳар гуна таҳқирро дар ҳақи Муҳаммад иҳонату тавҳин медонанд.

Бейсил аз куштори сафир ва кормандони сафорат изҳори таассуф кардааст.
XS
SM
MD
LG