Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷаҳон куштори сафири Амрикоро маҳкум карданд


Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон
Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон
Барак Обама-раиси ҷумҳур ва раҳбарони ҷаҳон рӯзи чаҳоршанбе ҳамла ба консулгарии Амрико дар Либияро, ки дар натиҷаи он сафири Амрико ва се корманди амрикоӣ кушта шуданд, маҳкум карданд. Обама ҳамла ба консулгарии Амрико дар Бенғозии Либияро “золимона” номид ва гуфт, ки ҷинояткорон ба сазои аъмолашон хоҳанд расид.

Ҳилларӣ Клинон-вазири корҳои хориҷаи Амрико “гурӯҳи хурди авбошон”-ро дар куштори дипломатҳои амрикоӣ муттаҳам кард.

Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО ва Кетрин Эштон-раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумлаи раҳбароне мебошанд, ки ин ҳамларо маҳкум карданд.

Муҳаммад Магариф-раиси Маҷмаи миллӣ ё порламони Либия гуфт, ки мақомот ҷинояткоронро ба муҷозот хоҳанд кашид.

Гуфта мешавад, ки филми сохтае дар бораи Муҳаммад-паёмбари ислом сабаби чунин норизоятиҳо шудааст. Ин филмро дар Амрико ба навор бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG