Пайвандҳои дастрасӣ

Газпромнефт баъд аз панҷ рӯз газ ворид мекунад


Ширкати русии "Газпромнефт" гуфтааст, бинобар набуди маҳсулот аз ҷалби муштариёни тоза худдорӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир танҳо онҳе метавонанд аз гази ин ширкат истифода кунанд, ки қимати газро бо истифода аз кортҳои пластикӣ пешпардохт кардаанд. Газпромнефт муштариёни дорои корти пластикиро мутариёни "корпоративӣ" ном мебарад,

Ба гуфтаи "Газпромнефт" вақте ширкатҳои дигар фурӯши сузишворӣ ва газро маҳдуд карданд, танҳо "Газпромнефт" буд, ки аҳолиро бо сӯзишворӣ таъмин мекард. Ҳоло захираи сӯзишворӣ ба охир расидааст ва дари фурӯшгоҳҳои маводи сӯхт баста шудаанд. Иллати дар 25 рӯз ба охир расидани захираи газро намояндаи "Газпромнефт" ба талаби бозор ва аз фурӯш даст кашидани ширкатҳои дигар шарҳ дод.

Ширкат гуфт, ки корвони маводи сӯхт дар таърихи 16-17-уми сентябр вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Субҳи имрӯз навбати харидорони маводи сӯхт дар назди фурӯшгоҳҳои "Газпромнефт" аз рӯзҳои маъмулӣ бештар буд, аммо танҳо онҳое бо газ таъмин мешуданд, ки корти пластикӣ доштанд. Чанде аз ронандаҳои пойтахт ба дафтари радиои "Озодӣ" занг зада гуфтанд, ки Газпромнефт танҳо ба муштариёни «махсус» бо корти плостикӣ газ мефурӯшад ва ба дигарон не. Ин ҳолат боис ба сарсонӣ ва навбатҳои тӯлонӣ дар нуқтаҳои фурӯши гази моеи "Фароз" ҳам гаштааст.

Феълан як литр газ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти пойтахт бо қиммати бештар аз 3 сомониву 50 дирам ва дар минтақаҳо тақрибан то 5 сомонӣ фурӯхта мешавад.
XS
SM
MD
LG