Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори сафири Амрико маҳкум шудааст


Кристофер Стивенс-сафири ИМА дар Либия
Кристофер Стивенс-сафири ИМА дар Либия
Президенти ИМА Барак Обама ва раҳбарони байналмилалӣ ҳамла болои консулгарии ИМА-ро, ки боиси марги Кристофер Стивенс-сафири ИМА дар Либия ва се ходими дигари сафарот гардид, маҳкум кардаанд.
Президент Обама ҳамла болои консулгарии Амрико дар шаҳри шарқии Бенғозиро “амали золимона” номид. Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, ин ҳамла пайравони ҳар дину оинро ба даҳшат меорад:
Ин ҳамлаест, ки шуури пайравони ҳар дину оини рӯи оламро такон медиҳад. Мо бо лаҳни шадидтарин ин амали хушунатбори беэҳсосро маҳкум намуда, ба хешу наздикони онҳое, ки имрӯз аҳли оила, дӯстон ва ҳамкоронашонро аз додаанд, таъзия баён мекунем.”
Дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Расмуссен гуфт, "ин хушунатро ҳеҷ гоҳ наметавон сафед кард”. Иттиҳодияи Аврупо низ ҳамларо маҳкум кардааст.
Раҳбари Маҷмаи мардумии Либия Муҳаммад ал-Мағариф гуфтааст, ки масъулони куштор ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Ҳамла дар Бенғозӣ ва эътирозҳои рӯзи сешанбе дар шаҳри Қоҳираи Миср баъди нашри хабар дар бораи пахши як филми истеҳсоли ИМА, ки гӯё дар он пайғамбари мусулмонон тавҳин шудааст, сар задаанд. Дар Миср ҷунбиши Ихвон ул-муслимин даъват кардааст, ки рӯзи ҷумъа бар муқобили ин филм эътирози саросарӣ баргузор гардад.
XS
SM
MD
LG