Пайвандҳои дастрасӣ

Донишгоҳи техникии Беларус як бахши худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кардааст.

Шаҳло Ҳамроева яке аз 60 нафарест, ки имсол унвони донишҷӯи факултаи муштараки муҳандисию фаннӣ, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи фаннии Беларус таъсис додаанд, насибаш гардид.

Ӯ дар бахши меъмории ин факулта таҳсил мекунад ва ният дорад, баъд аз ду сол хонданро дар Минск идома диҳад: "Ба ин ҷо барои он дохил шудам, то дар хориҷа таҳсил кунам. Ба фикри ман, агар дар хориҷи кишвар таҳсил кунем, ҷаҳонбиниамон васеъ мешавад, аз маданияти халқҳои дигар бохабар мешавем ва ҳам дониши пурраву комилро аз онҳо гирифта метавонем."

Аксарияти донишҷӯёни ин факултаи муштараки навтаъсисро асосан ҳавову ҳаваси дар хориҷа таҳсил кардан ба ин даргоҳ овардааст. Ба гуфтаи Абдуқаҳҳор Турсунов, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, мувофиқи қарордоди тарафайн донишҷӯёни факултаи муҳандисию техникӣ дар сурати хатми бомуваффақияти ду курс, солҳои ояндаи таҳсилро дар Минск идома дода, дипломи Донишгоҳи техникии Беларусро ба даст меоранд.

Бар пояи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон танҳо дар соли ҷорӣ беш аз 1200 ҷавони тоҷик ба макотиби олии хориҷа дохил шудаанд, ки назар ба солҳои қаблӣ зиёдтар будааст. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 30 мактаби олӣ мавҷуд буда, филиалҳои Донишгоҳи давлатӣ ва Донишкадаи пӯлоду хӯлаи шаҳри Маскав, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ дар худи Душанбе боз шудаанд.

Эҳсон Тоҳиров, фориғуттаҳсили яке аз донишгоҳҳои Чин, афзоиши майли ҷавонони тоҷик ба макотиби олии хориҷиро ба сифати хубтари низоми таълимӣ дар он кишварҳо марбут медонад. Ӯ мегӯяд, "омӯзгороне, ки онҷо дарс медиҳанд, профессор на, фақат педагог, психолог ҳам ҳастанд. Чи чизҳое, ки дар ҳамон вақти дарс гап мезананд, донишҷӯ фаҳмида метавонад ва ҳатто ҳоҷати дуюмбора рафта дар хона хондан намемонад. Вай намегӯяд, ки барои чӣ ба дарс наомадӣ, барои чӣ дар вақти дарс хоб мекунӣ, барои чӣ либосат нодуруст аст, галстук надорӣ. Ҳеҷ коре ба ту надорад, дарсашро гузаштан мегирад. Аммо вақте имтиҳон мешавад, як варақи тозаву як ручка дар даст дорӣ тамом. Ана, ҳамон ҷо тақдири ту ҳал мешавад, агар аз имтиҳон гузаштӣ - хуб, нагузаштӣ - хона."

Ба андешаи Камолиддин Бобоев, коршиноси тоҷик низ, паст будани сифати таълим дар мактабҳои олии Тоҷикистон, афзоиши ришвахӯрӣ дар ин муассисаҳо ва мушкилоти дигар боис гардида, ки донишгоҳҳои мо аксаран танҳо ба афзоиши нафарони дипломдор мусоидат мекунанд. Яке аз омилҳои барои илмомӯзӣ ба хориҷа рафтани ҷавононро ҳам ӯ маҳз дар ҳамин медонад, "Мо аз боз кардани филиалҳо ва аз боз кардани донишгоҳҳову аз зиёд кардани шумораи шахсоне, ки маълумоти олӣ доранд, ҳеҷ бурд намекунем. Мо бояд аввал ба нақша гирем, ки хоҷагии халқи мо ба чӣ қадар мутахассисони соҳибихтисос ниёз дорад. Барои мисол, агар мо 100 ҳуқуқшиносро соҳибдиплом кунему вале ба онҳо кор пайдо карда натавонем, пас барои чӣ мо онҳоро меомӯзонем?!"

Абдуқаҳҳор Турсунов

Абдуқаҳҳор Турсунов

Аммо Абдуқаҳҳор Турсунов, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, таъсиси чунин факултаи муштарак бо Донишгоҳи Беларусро, ки пойгоҳи қавии моддиву фаннӣ дорад, зарур ва саривақтӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, коромӯзии донишҷӯёни факулта дар корхонаҳои бузурги Беларус ба тарбияи мутахассисони мо кӯмак хоҳад кард.

Ҳоло ин факулта дар риштаҳои меъморӣ, мошинсозӣ ва сохтмон мутахассис тайёр мекунад. Дар оянда қарор аст, дар он ихтисосҳои энергетикӣ, металлургия, технологияи иттилоотӣ ва нақлиёту роҳсозиро низ таълим диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG