Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Харидорони аслии ҳафтаномаҳо дар Кӯлоб тоқидӯзон ва мевафурӯшон ба шумор меоянд.

Аммо диққати ҳунармандону мевафурӯшҳоро на муҳтавои матлаби хабарнигорон, балки коғази нашрияҳо ҷалб кардааст, ки аз онҳо ҳам қолаби тоқӣ месозанд ва ҳам меваҳоро коғазпеч мекунанд. Ба ин тартиб, шумораи ҳафтаномаҳое, ки аз ҷониби хонандагони воқеӣ харидорӣ намешаванд, ба дасти онҳо меафтад.

"Даҳ кило газета мехарам"

Тобонбӣ Акрамова, як тоқифурӯш мегӯяд, ҳафтае то даҳ кило нусхаи нашрияҳое, ки аз савдо баргаштаанд, харидорӣ менамояд ва дар кораш истифода мебарад. Ӯ ҳафтаномаро ҳамчун коғази оддӣ, бо кило харидорӣ мекунад ва барои ҳар кило 6 сомон медиҳад.

Хонум Акрамова мегӯяд, барои тайёр кардани тоқиҳои миллӣ коғази ҳафтаномаҳо беҳтарин қолаб аст. Коғазҳои дигар ё аз ҳад сахтанд ё аз ҳад мулоим, "газета сифати тоқиро хуб мекунад. Инро чанд қабата карда бо матоъ медӯзӣ. Дигар навъи коғазҳо намешаванд. Дӯхтани дигар намуди коғазҳо мушкил аст."

"Меваро аз пӯсидан нигаҳ медорад"

Ҳангоми сӯҳбат маълум шуд, ки ҳафтаномаҳо на танҳо ба сокинон барои гирифтани фоидаи маънавӣ кӯмак мекунад, балки ба мевафурӯшон низ барои нигаҳдошти мева аз пӯсидан кӯмак мерасонад. Меҳринисо Шарифова, фурӯшандаи маҳсулоти мевагӣ дар бозори Кӯлоб мегӯяд, ӯ ҳам ба мисли тоқифурӯшҳо аз харидорони аслии ҳафтаномаҳои савдонашуда ҳисоб мешавад. Хонуми Меҳриннисо мегӯяд, пеш аз гузоштани меваҳо дар қуттиҳои чӯбин коғази газета мегузоранд, то меваҳо осеб набинанд.

"Дар кори мо сахт даркор аст ва барои вайрон нашудани маҳсулотамон харидорӣ мекунем. Шахсан, вақте мебинам, ягон ҳафтаномааш маводи ҷолиб дорад, мехонам, лекин баъд аз хондан дар корам истифода мебарам. На танҳо ман, балки ҳамаи мевафурӯшон газета мехаранд",-мегӯяд ӯ.

Дар арафаи ҷашнҳо ҳафтаномаҳо камхаридор мешаванд

Аммо аз ҷониби хонандаҳои аслӣ харидорӣ нашудани нашрияҳоро рӯзномафурӯшон ба маводи дохилӣ онҳо рабт медиҳанд. Камолиддин Достиев, паҳнкунандаи ҳафтаномаҳо дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, агар нашрияе, ки мушкилоту ҳаводиси рӯз, ба мисли ҳодисаҳои Хоруғу сӯхтори "Корвон"-ро хуб инъикос кунад, тақрибан ҳамаи нусхаҳояш ба савдо меравад. Аммо ӯ мегӯяд, барои рӯзномафурӯшон ҷашну чорабиниҳо барои савдояшон хуб нест ва бештари ҳафтаномаҳо новобаста ба маводу матлаби ҷолиб доштан аз фурӯш пас мегарданд.

Ӯ дар сӯҳбат ба мо гуфт, "масалан, дар Иди Рамазону Истиқлолият, ки мардум ва табақае, ки газета мехонанд, дар истироҳатанд, бисёре аз газетаҳо савдо намешаванд ва мо онҳоро бармегардонем. Дар ин рӯзҳо рӯзномахонҳо аксаран дар шаҳр нестанд ва бошанд ҳам, шояд омодагӣ ва саргардонӣ доранд, ки аз рӯзномахонӣ ҳам фаромӯш мекунанд."

Агар реклама набошад…

Дар ҳамин ҳол, Орзу Ҳамидов, муассиси ҳафтномаи маҳаллии "Пажвок" мегӯяд, воқеан, дар зимистонҳои сард ва иду чорабиниҳо ғайриинтизор хариди тамоми ҳафтномаҳо суст мешавад, ки ин ҳамеша бар зарари кор аст. Ба гуфтаи Ҳамидов, ягона роҳе, ки дар чунин ҳолат ҳафтномаҳоро аз зарар дидан нигаҳ медорад, ҷой додани реклама дар саҳифаи ҳафтнома ҳаст, ки на ҳамеша ин муяссар мешавад.

Дар сурати ба фурӯш рафтани як кило коғази рӯзнома то 10-15 адад рӯзнома мешавад, ки аз 20 то 25 сомониро ташкил медиҳад. Аммо дар сурати ба савдо нарафтан ин ҳама шумораҳоро бо ҳисоби кило се баробар арзон тоқифурӯшон ва мевафурӯшон харидорӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG