Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин авохир дар ноҳияи Синои Душанбе боз чанд мавриди ҳамла бо корд тавассути ҷавонону ноболиғон мушоҳида шудааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, танҳо дар панҷ рӯзи охир се ҳодисаи захмӣ ва куштори сокинон бо зарби корд дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сабт шудааст. "Санаи 8-уми сентябр ба идораи умури дохилии Сино-2 Нигина Давлатова муроҷиат намуд, ки шахси номаълум дар назди бинои 14-уми кӯчаи Муҳаммадиев ӯро бо корд зада захмӣ кардааст. Дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Дар ин робита Заррина Баҳодурова, дастгир карда шуда, тафтишот идома дорад",-афзуд ӯ.

Ин масъули дафтари матбуоти вазорати умури дохилӣ гуфт, рӯзи 7-уми сентябр бошад, сокини дигари ноҳияи Сино Далер Собирови 27-сола боздошт шудааст, ки ба қатли Ҷамшед Паҳлавонови 30-сола дар як истгоҳи шустушӯи мошинҳо айбдор мешавад. Силоҳи Далер дар ин ҳамла низ корд будааст.

Шаби 12-уми сентябр низ як ҷавони 22-соларо аз ноҳияи Сино бо захми корд дар тарафи дилаш ба бемористони Қарияи Боло оварданд ва ӯ дар ҳолати вахим дар шӯъбаи эҳёгарии ин бемористон қарор дорад. Ҳафтаи пеш се нафар аз як хонавода бо захмҳои зиёди корд ба ҳамин бемористон оварда шудаанд. Иттифоқан онҳо низ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба сар мебаранд.

Парвиз Давлатбеков

Парвиз Давлатбеков

Озодбахт Исроилов, ҷарроҳи бемористони Қарияи Боло, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар 9 моҳи охир наздики 30 нафар бо захми корд бистарӣ гардидаанд. Ба гуфтаи вай, "чунин захмбардориҳо дар муқоиса бо соли гузашта зиёдтар шудааст. Он нафароне, ки вақтҳои охир ба беморхона оварда мешаванд, ҳамааш аз ноҳияи Сино мебошанд. Ҷавонону ноболиғон миёни ҳамсолони худ аз дигар маҳаллаҳо муноқиша карда, дар ҷанҷолҳояшон аз корд истифода мебаранд. Асосан ин беморон аз талафи хуни зиёд мефавтанд."

Қатли "Бобои Барфӣ" низ аз ҷиноятҳои пурсарусадоест, ки дар ҳамин ноҳия сар зада буд. Чунин ба назар меояд, ки ноҳияи Сино ба як нуқтаи аз нигоҳи вазъи ҷиноӣ доғи пойтахт табдил меёбад. Мақомот ва коршиносон сабабҳои ин амрро мухталиф баён мекунанд.

Абдуқаюм Юсуфӣ, ҳуқуқшиноси тоҷик, баланд будани мизони ҷурму ҷиноят дар ин ноҳияро ба камҳавсалагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рабт медиҳад. Ҷаноби Юсуфӣ мегӯяд, бо вуҷуди он ки дар ин ноҳия ду шӯъбаи пулис амал мекунад, аммо зоҳиран ин идораҳо аз ӯҳдаи назорати ҷавонону наврасон намебароянд: "Ин мақомот сари вақт вазифаи худро иҷро намекунад, ҳамчунин дар мактабҳои миёна шумораи омӯзгорони фанни ҳуқуқ ба таври зарурӣ таъмин нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар барномаи давлатӣ оид ба маърифати ҳуқуқӣ қабул шудааст ва тибқи он бояд ба насли наврас риоя кардани қонуният омӯзонда шавад."

Абдуқаюм Юсуфӣ

Абдуқаюм Юсуфӣ

Аммо Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи дигари вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, вазъи ҷиноӣ дар ноҳияи Синои Душанбе зери назорати қатъӣ қарор дорад. Ба гуфтаи Асадуллоев, чунин ҳодисаҳо дар ҳама ноҳияҳои пойтахт ба чашм мехӯрад ва зиёда аз ин, дар ин авохир баръакс рӯ ба коҳиш овардаанд: “Ин ҳодисаҳо дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ низ буданд. Аз ҷумла, миёни ноболиғони мактаби рақами 20-и ноҳияи Шоҳмансур чунин ҳодисаҳо ба қайд гирифта шудаанд.”

Аммо чаро корд силоҳи асосӣ дар “разбор”-ҳои ҷавонони пойтахт, аз ҷумла дар ноҳияи Сино шудааст? Бисёриҳо дар ин баробар хунсард шудани насли ҷавон ва ҳам нисбат ба анвои дигари силоҳ дастрастар будани силоҳи сардро далел меоранд. Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров дар бораи омилҳои афзоиши ҷиноёт дар байни ҷавонон, аз ҷумла дар ноҳияи Сино мегӯяд: "Ҳоло мо чандин парванди ҷиноятии махсус дорем, ки маҳз дар ҳамин ноҳия содир шудааст. Ин насли наврас, ки бештар филмҳои хориҷиро тамошо мекунанд, дар онҳо беҷазо мондани ҷинояткорон нишон дода мешавад,ҷавонон ҳам бо бовари он ки бадарфтории онҳо беҷазо хоҳад монд, чунин ҷиноятҳоро содир мекунанд. Ба назари ман фурсати он расидааст, ки фурӯши кордҳо ва финкаҳо маҳдуд карда шавад."

Омӯзгорони бархе аз мактбаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз шумори беш аз ҳадди хонандагон дар синфхонаҳо ва таъсири манфии он ба раванди таълиму тарбия шикоят мекунанд. Гуфта мешавад, ҷангҳои байнимактабӣ ва "кордзаниҳои хонандагон" низ асосан дар мактабҳое бештар мушоҳида мешавад, ки аз зиёдии толибилмон ҷои нафасгирӣ надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG