Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ нафар дар амалиёти амниятии Қазоқистон


Маҳалли даргирии нерӯҳои махсуси Қазоқистон бо гумонбарони терроризм
Маҳалли даргирии нерӯҳои махсуси Қазоқистон бо гумонбарони терроризм

Нерӯҳои амниятии Қазоқистон амалиётеро алайҳи гумонбаршудаҳои терроризм дар вилояти Атарау анҷом доданд.

Дар ин бора додситонии кулли Қазоқиитстон хабар додааст. Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, то оғози амалиёти хадамоти амниятӣ гумонбаршудаҳо маводеро мунфаҷир карда ва ба сӯи кормандони нерӯҳои вижа (махсус) тир кушоданд. Дар пайи ин тирпарронӣ як ходими амниятӣ маҷрӯҳ шудааст.

Амалиёти нерӯҳои вижаи Қазоқиситон панҷ гумонбаршударо кушта бар ҷой гузошт ва як тани дигарро шадидан маҷрӯҳ кард. Гуфта мешавад, аҳолии мулкӣ аз ин амалиёт хисорот надидааст.

Субҳи 12-уми сенятябр мақомот бошандагони чанд бинои истиқоматӣ дар Кулсарӣ, маркази маъмурии вилояти Атарауро ба ҷойи дигар кӯч доданд. Матбуоти Қазоқистон навиштааст, сокинони биноҳоро бо баҳонаи хуруҷи газ аз хонаҳо берун карданд. Сокинони маҳаллӣ дар бораи тирпарронӣ дар маҳалли зисти онҳо ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо шоми дирӯз, 11-уми сентябр, наздик ба 300 низомии нерӯҳои вижа шаҳрро иҳота ва роҳро барои ҳаракати аҳолии мулкӣ масдуд карданд. Гуфта шуд, ки ба эҳтимоли қавӣ гумонбаршудаҳои терроризм дар бинои рақами 22 пинҳон шудаанд.

Хабаргузории "Интерфакс Қазоқистон" қаблан дар бораи омодагӣ ба амалиёт гузориш дод. Ба гуфтаи Интерфакс амалиёти вижа ба боздошти чаҳор нафар, ки дар таркишҳои Атарау даст доштаанд, рабт мегирад. 5-уми сентябр дар ҳавлии як бинои хусусӣ таркише ба амал омад, ки маълум набуд бо истифода аз кадом дастгоҳ пиёда шудааст. Мақомоти пулис ҷасади як сокини маҳаллиро дар ҷойи таркиш ошкор карданд, ки гуфта мешуд эҳтимолан ҳангоми омода кардани маводи тарканда ҳалок шудааст.

Кулсарӣ, маркази маъмурии ноҳияи Жилиой, ки ба қаламрави вилояти Атарау дохил мешавад, аз минтақаҳои нафтхези Қазоқиистон буда, ширкатҳои бузурге аз қабили "Тенгизшевройл" дар он ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG