Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон мухолифи бастани хазинаи наҷот аст


Имрӯз Додгоҳи конститутсионии Олмон даъватҳои бастани хазинаи наҷоти Аврупоро рад кард. Баъди эълони қарор дар шаҳри Берлин вазири иқтисоди Олмон Филип Ростлер ба хабарнигорон гуфт:
Имрӯз барои Аврупо рӯзи хуб аст. Бо ин қарор возеҳи Додгоҳи конститутсионӣ мо ба ҳадафамон дар масъалаи ҳифзи устувории евро як қадам наздиктар шудем.”
Қарори додгоҳ имкон медиҳад, ки президенти Олмон Йоаҳим Гаук қарордоди таъсиси Механизми Устувории (молии) Аврупоро имзо кунад.
Ҳамчунон гуфта мешавад, ки қарори додгоҳи Олмон иҷрои барномаи Бонки марказии Аврупо дар мавриди харидани бондҳо ё худ авроқи қарзаи кишварҳои шабеҳи Испания ва Италияро фаромам меорад. Рӯзи чоршанбе Комиссия аврупоӣ даъват кард, ки ба Бонки марказии Аврупо салоҳияти назорати тамоми бонкҳои минтақаи евро дода шавад. Ба ақидаи Олмон Бонки марказии Аврупо бояд фақат бо бузургтарин бонкҳои ин қора сару кор дошта бошад.
XS
SM
MD
LG