Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи гуфтушуниди ҳайатҳои Русияву Тоҷикистон


 Анатолий Антонов-муовини вазири мудофиаи Русия
Анатолий Антонов-муовини вазири мудофиаи Русия
Рӯзи чоршанбе дар пойтахти Тоҷикистон муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов баррасии сарнавишти минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро идома дод. Ин музокирот рӯзи сешанбе оғоз ёфтаанду дар он сарнавишти дивизияи 201-уми нерӯҳои мусуллаҳи Русия баъди соли 2014-ум баҳс мешавад. Моҳи апрел баъди музокирот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, ки созиши иҷорат се гарнизони низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон барои 49 соли дигар тамдид меёбад. Дивизияи 201-уми Русия бо тахминан 7500 афсару сарбозаш дар се пойгоҳи шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қурғонтеппа ҷойгир шудааст.
XS
SM
MD
LG