Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА дар Либия ба қатл расид


Консулгарии ИМА дар Бенғозӣ баъди ҳамлаи силоҳбадастон
Консулгарии ИМА дар Бенғозӣ баъди ҳамлаи силоҳбадастон
Дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ дар шаҳри Бенғозии Либияи чор нафар аз ҷумла сафири ИМА дар ин кишвар Кристофер Стивенс ба ҳалокат расидаанд.
Ин хабарро президенти ИМА Барак Обама тасдиқ кард.
Силоҳбадастон болои консулгарии ИМА дар шаҳри шарқии Бенғозии Либия ҳамла карда, биноро ба коми оташ кашиданд.
Ба қавли мақомоти Либия дар пайи ҳамла сафир савори мошин шуда, мебоист ба ҷои амн интиқол ёбад, вале дар роҳ ҳадафи ҳамлаи мушакии силоҳбастон қарор гирифт. Сафир ва се ҳамроҳаш ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG