Пайвандҳои дастрасӣ

Толибҷон Қурбонхонов: "Путин барои ман қаҳрамон аст!"


Толибҷон Қурбонхонов

Толибҷон Қурбонхонов

Толибҷон Қурбонхонов дар як сӯҳбати ихтисосӣ гуфт, аз таронаҳое, ки дар васфи Путин суруд, фоидаи молӣ надидааст.

Овозхони тоҷик Толибҷон Қурбонхонов, ки бо нашри таронаҳояш дар бораи президенти Русия Владимир Путин дар Интернет шӯҳрат ёфтааст, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз нашри ин таронаҳо ягон сӯд (манфиат)-и молӣ намеҷуст ва то ҳол як сомонӣ ҳам кор накардааст. Қурбонхонов, ки феълан дар Тоҷикистон ба сар мебарад, гуфт, се таронае, ки то ҳол дар васфи Путин хондааст, ба хотири хушомад набуд, балки ӯ дар воқеъ Путинро барои худ як қаҳрамон ва "кумир" мешуморад.

Исми Толибҷон Қурбонхонов бо таронаи “ВВП” дар аввали соли ҷорӣ, дар рӯзҳои корзори интихоботии Русия, ки Путинро ба даври севуми раёсат расонд, расонаӣ шуд. Мунтақидон нашри ин таронаро бахше аз маъракаи таблиғотии сардамдорони Кремл мехонданд. Дар моҳи май таронаи дувуми ӯ “Спасибо тебе, Боже, за Владимира” нашр шуд ва инак, таронаи севумаш “С юбилеем, господин президент”. Ин тарона ба ифтихори 60-солагии Владимир Путин аст, ки моҳи октябри соли ҷорӣ фаро хоҳад расид.

Озодӣ: Толибҷон, Шуморо бо таронаҳоятон дар бораи Путин хуб мешиносанд. Вале дар бораи худатон маълумот камтар аст. Бигӯед, ки Толибҷон Қурбонхонов кисту аз куҷо бархоста?

Қурбонхонов: "30-юми январи соли 1984-ум таваллуд шудаам. Зодгоҳаш шаҳри Сарбанди вилояти Хатлони Тоҷикистон. Донишгоҳи соҳибкориро хатм кардаам."

Озодӣ: Дар Тоҷикистон ҳам овозхонӣ доштед ё аз Русия шурӯъ шуд?

Қурбонхонов: "На, дар Тоҷикистон ҳамчун ҳофиз касе маро намешинохт. Ба тоҷикӣ ягон бор тарона ҳам нахондаам. Вале ба русӣ менавиштаму мепартофтам ва изо мекашидам аз бароварданаш. Баъд як дӯстам, ки шунида буд таронаҳои маро, хеле пойфишорӣ кард, ки биё, нашр кунем. Баъд яке ҳамин хел шуду дигар изо ҳам париду ҳамааш парид."

Озодӣ: Ин ҳамон таронаи “ВВП” буд?

Қурбонхонов: "Бале."

Озодӣ: Барои сабту нашраш кӣ ёрӣ расонд ба Шумо?

Қурбонхонов: "Инаш бояд махфӣ бимонад."

Озодӣ: Аммо дар барномаи телевизиони НТВ ҳамроҳи Шумо продюсери маъруфи рус Максим Фадеев омада буд...

Толибҷон Қурбонхонов

Толибҷон Қурбонхонов

Қурбонхонов: "Фадеев, рости гап, як коргари кироя аст, пулашро мегирад ва коратонро буд мекунад."

Озодӣ: Яъне одамони хеле баландтар аз Фадеев буд дар пушти ин?

Қурбонхонов: "Бале. Фадеев фақат як коргари кироя аст, тамом."

Озодӣ: Сарусадои зиёде ҳам ҳаст, ки нафароне дар Кремл тарҳи Толибҷон Қурбонхоновро сохтаанд?

Қурбонхонов: (Механдад) "Акнун шояд Кремл набошад, вале ҳар кас агар рӯи Худоро гап занад, тавассути бойҳои Русия ва ёру рафиқони рус шудааст ин кор."

Озодӣ: Вале худи Шумо самимона мехонед дар бораи Путин ё ин ҳам бахше аз ин тарҳ аст?

Қурбонхонов: "Не, ин сидқан аст. Барои ин садҳо ҳазор сарф шуд, вале ман, рости гап, аз ин як сомонӣ ҳам кор накардаам."

Озодӣ: Яъне мисли хоббӣ аст барои Шумо?

Қурбонхонов: "Агар ҳофизиро бигирӣ, хоббӣ мешавад. Вале тарафдории Путинро агар бигирӣ, ин ҳимоят аз ӯст. Ман сиёсатмадор ҳам набошам, мехоҳам аз ҳамин сиёсат дастгирӣ кунам."

Озодӣ: Касби асосии Шумо чӣ ҳаст дар Русия?

Қурбонхонов: "Ман, ростӣ, дар Русия ё Тоҷикистон касб надорам. Тиҷорат аст корам, миёнаравӣ, ки дар ягон тиҷорат ҳамроҳ мешавам, ҳаққи худамро меситонам ва мебароям. Ин хел доим ҳам нестам дар Маскав. Гоҳо як ҳафта мешавам дар Русия, гоҳо ҳатто як рӯз."

Озодӣ: Мегуфтанд, ки Толибҷон Қурбонхонов қабл аз машҳур шуданаш дар тарабхонае дар Уфа суруд мехонд. Дуруст аст ин?

Қурбонхонов: "Не, аслан ҳақиқат надорад. Ман Уфаро дар ҳаётам надидаам."

Озодӣ: Баъзеҳо мегӯянд, Толибҷон Қурбонхонов бо ин таронаҳояш хушомад мезанад ба Путин. Фикри худи Шумо чист дар бораи ӯ?

Қурбонхонов: "Ҳар як инсон дар зиндагӣ барои худ қаҳрамоне дорад. Ё ягон ҳунарманди кино, ё ягон ҳофиз, ё ягон боксёр ё гуштигир. Ҳанӯз аз ҳамон вақте ки Путин сарвазириро гирифт, рафтору сиёсати ӯ, ки дар ним сол ба Русия субот овард, ин одам ба ман маъқул шуд. Чунки ман одами воқеъбинам, мухлиси боксёр ё актёр шуда наметавонам. Аз хурдӣ ба ман сиёсат маъқул аст ва ҳамчун сиёсатмадор аз ҳамин одам мехоҳам ки мисли муаллим шавад дар оянда барои ман."

Озодӣ: Баъд аз машҳур шудан ин хел пешниҳоде нагирифтед, ки барои мисол, дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ҳам чунин тарона бисозед?

Қурбонхонов: "Дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ман шояд натавонам ба тоҷикӣ тарона навиштан, чунки калимаҳои адабии тоҷикӣ бароям каме мушкил аст, мумкин натавонам ба тоҷикӣ шеър навиштан."

Озодӣ: Ба русӣ чӣ?

Қурбонхонов: "Ба русӣ осон аст барои ман. Намедонам, барои чӣ, вале ба русӣ хеле осон аст. Ба назарам, Худованд маро маҳз барои ба русӣ навиштан офаридааст. Ба дигар забон душвор аст бароям."

Озодӣ: Ба русӣ ҳам навиштанӣ нестед дар бораи Эмомалӣ Раҳмон?

Қурбонхонов: "Акнун дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, агар мардона сӯҳбат кунем, ман наметавонам аз ин одам ба унаш бипараму аз унаш ба ин. Фаҳмидед маънои гапи маро?"

Озодӣ: Бале. Аммо оё ин хел ният доред, ки консерт диҳед ё ҳамон таронаҳоятон дар бораи Путинро албом карда, ба нашр расонед?

Қурбонхонов: "Ростӣ, ман албоми тайёр дорам, лекин ҳанӯз дар фикри нашраш нестем."

Озодӣ: Тамоми албом дар бораи Путин аст?

Қурбонхонов: "На, бисёраш таронаҳои лирикист ба забони русӣ. Онҳое ки шунидаанд, мегӯянд, хеле олист, нашраш кун. Вале худам ҳанӯз фурсат наёфтаам, ки рӯи ин биандешам."

Озодӣ: Толибҷон, баъд аз ин се таронае, ки дар бораи Путин нашр кардед, боз фикр доред, ки чизи дигаре дар васфаш бисароед?

Қурбонхонов: "Ростӣ, намедонам. Ҳоло дар фикраш нестам. Ман таронаи якумам дар бораи Владимир Путин – “ВВП”-ро 12 сол пеш навишта будам. Таронаи дувум (“Спасибо тебе, Боже, за Владимира”) дар ягон 3 рӯз тайёр шуд. Таронаи сеюм (“С юбилеем, господин Президент”) дар як ҳафта омода шуд. Ин вобаста ба илҳом аст, ки кай ҷӯш мезанад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG