Пайвандҳои дастрасӣ

Фавти беш аз 280 кас бар асари сӯхторҳо дар Покистон


Сӯхтор дар корхонаи либоси Карочии Покистон, ки ҳаёти 190 нафарро аз байн бурд

Сӯхтор дар корхонаи либоси Карочии Покистон, ки ҳаёти 190 нафарро аз байн бурд

Шаби гузашта бар асари сӯхтор дар корхонаи либос дар шаҳри Карочии Покистон камаш 280 нафар ба ҳалокат расиданд. Полис мегӯяд, дар ин ҳодиса камаш 60 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ториқ Камол Аюбӣ, намояндаи шифохонаи мулкии Карочӣ изҳор намуд, ки тахминан 30 қурбонӣ зиёд сӯхтаанду мард ё зан будани онҳо маълум нест. Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ таъкид кардааст, ки аксари коргарон дар таҳхона кор мекарданду дарҳои он баста буданд. Онҳо афзудаанд, ки бино дар барои фирори изтирорӣ надошт. Дар табақаҳои болоӣ бошад, тирезаҳо маҳкам будаанд.
Ҳамин тариқ аксари коргарон нафасгир шудаанд. Дар корхонаи либос наздик ба 450 нафар кор мекардааст.
Шаби сешанбе дар шаҳри Лоҳури Покистон низ як корхонаи пойафзолдӯзӣ ба коми оташ рафта, ҳаёти 23 коргарро аз байн бурд.
XS
SM
MD
LG