Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Камчатка 10 сарнишини Ан-28 ҳалок шуданд


Ҳавопаймои Ан-28
Ҳавопаймои Ан-28
Рӯзи чоршанбе бар асари суқути ҳавопаймо дар нимҷазираи Камчаткаи Шарқи Дури Русия даҳ нафар ба ҳалокат расида, чор каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Мансабдорони рус мегӯянд, ҳавопаймои Ан-28 бо камаш 12 мусофир ва 2 узви экипаж аз шаҳри Петропавлоск-Камчатский, маркази минтақаи Камчатка, ба деҳаи Паланка парвоз дошт, вале ҳангоми нишаст сарнагун шуд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли мансабдорони маҳаллии ҳавонавардӣ овардааст, ки ба эҳтимоли зиёд ҳавои бад боиси суқути ҳавопаймо шудааст.
XS
SM
MD
LG