Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тақдими ҷоизаҳои Озодӣ ба барандагони озмуни беҳтарин видео


Намуди саҳфаи вижаи озмуни "Зиндагӣ аз нигоҳи дурбини ман" дар торнамои "Озодӣ"
Намуди саҳфаи вижаи озмуни "Зиндагӣ аз нигоҳи дурбини ман" дар торнамои "Озодӣ"

Радиои Озодӣ ҷоизаҳои ваъдагиро ба барандагону иштирокдорони озмуни "Зиндагӣ аз нигоҳи дурбини ман" тақдим мекунад.

Рӯзи 18-уми сентябр (сешанбе), соати 14:00, маросими тақдими ҷоизаҳо ба барандагони озмуни "Зиндагӣ аз нигоҳи дурбини ман" дар дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ба ин озмун чанде аз хонандагону ҳаводорони торнамои Радиои Озодӣ видеоҳои худро фиристода буданд. Вале аз миёни онҳо фақат се видео барои ҷойҳои аввалу дувум ва севум лоиқ дониста шуд.

Ҷоизаи аввал барои навори “Худсӯзӣ аз дасти хушдоман” (Завқибек Солиҳов), ҷоизаи дуюм ба видеои “Хат ғалат, маънӣ ғалат, имло ғалат, иншо ғалат” (Маҳбуб) ва ҷоизаи севум барои “Парчами Тоҷикистон” (Хуршеда Гулова) тақдим мегардад. Ҳамзамон ба онҳое, ки дар ин озмун иштирок кардаанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда мешавад.

Радиои Озодӣ аз ҳамаи онҳое, ки дар ин озмун иштирок карда, видеоҳои худро ба мо фиристоданд, изҳори сипос мекунад. Агар дар робита ба ҷамъбасти озмун ва тақдими ҷоизаҳо суоле доред, бо телефонҳои 988 65 94 63, 988 65 94 64 ва 985 63 83 56 тамос гиред.

Ҳамаи видеоҳо ва натиҷаҳои назарсанҷӣ дар ин сафҳаи вижа.

Бояд гуфт, дар гузашта Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ ду озмун баргузор карда буд. Соли 2010-ум дар озмуни беҳтарин аксҳо зери унвони “Ончӣ мебинам” зиёда аз 250 акс пешниҳод шуда, аввал даҳгонаи беҳтарин муайян ва аз байни онҳо барандагони се ҷоизаи аввал эълон шуданд. Инҳо Назокат Аббосова барои акси “Зоирони Бурхи Валӣ”, Хуршед Камолов барои акси “Писарак ва хари ӯ”, Ҷаҳонгири Султон барои акси “Чойники сеҳрнок” буданд, ки дар маросими тақдими ҷоиза дар ҷашни Наврӯз меҳмони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе шуданд.

Озмуни дувуми Радиои Озодӣ, ки дар соли 2011 зери шиори“Ман дар СССР зистаам” ҷараён ёфт, ҳам акс ва ҳам матнро дар бар мегирифт. Ба ин озмун наздик ба 500 акс ва зиёда аз 100 матн пешниҳод шуда, барои беҳтарин матн ҷои аввал ба Хушомад Алидодов, сокини шаҳри Хоруғ, барои хотираи “Баробарӣ баробари бародарист”, ҷои дувум ба Наҷмиддини Шоҳинбод барои қиссаи "Ҷосуси шӯравӣ" ва таронаи «Шомгоҳони назди Маскав” ва ҷои савум ба Муҳаммадюсуфи Шодӣ барои хотираи “Барф борад, баъд мӯза мепӯшам” дода шуд. Барои беҳтарин акс ҷои аввалро Дилшод Раҳимов, сокини ноҳияи Ҳисор, барои акси “Хаткашони деҳаи мо”, ҷои дувумро Сиддиқ Нилобеков бо акси "Трибуна” ва ҷои савумро Саттор, сокини шаҳри Душанбе барои акси “Мо ва Ил-18” гирифтанд. Бахтиёр Файзуллоев барандаи Ҷоизаи таваҷҷӯҳи бинандагон шуд. Ба барандагони ҷои аввал компютерҳои нетбук, ҷои дувум диктофонҳои журналистӣ ва савум телефонҳои мобили дорои дастгоҳи аккосӣ тақдим шуд.
XS
SM
MD
LG