Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокира роҷеъ ба пойгоҳи Русия дар Душанбе


Анатолий Антонов дар Душанбе
Анатолий Антонов дар Душанбе
Бино ба гузоришҳо, имрӯз ҳайатҳои Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе музокироти худро роҷеъ ба сарнавишти баъдии пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон идома медиҳанд.

Шаби сешанбе Анатолий Антонов-муовини вазири дифои Русия барои ширкат дар музокирот вориди Душанбе шуд. Ин дуввумин боздиди вай аз Душанбест.

Вай роҷеъ ба натиҷаҳои боздиди аввали худ ба матбуот гуфт, дар музокироти вай бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон маблағи иҷораи пойгоҳи низомӣ матраҳ ва баррасӣ нашудааст. Вале гуфт, ҷонибҳо ба имзои созишнома наздик шудаанд ва он ҳам ба суди Русия ва ҳам ба суди Тоҷикистон хоҳад буд.

Пойгоҳи 201-и низомии Русия бо 7 000 низомии худ дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз кишвараш аст.
XS
SM
MD
LG