Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамла ба консулгарии Амрико як нафар кушта шуд


Бино ба гузоришҳо, мардони мусаллаҳ дар Либия ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозӣ ҳамла бурданд ва онро ба оташ кашидаанд. Дар бораи даргирии мардони мусаллаҳ бо кормандони амниятии консулгарӣ дар беруни бино гузоришҳо мерасад.
Як шаҳврванди амрикоӣ кушта, як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст
.
Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико ин ҳамларо, ки дар рӯзи солгарди ҳамлаи 11 сентябр ба Амрико рух дод, аз номи вазорат маҳкум кард.

Дар гузоришҳо омадааст, ки гурӯҳи эътирозгарон бар зидди филме, ки дар Амрико таҳия шудааст, тазоҳурот кардаанд. Дар ин филм гӯё паёмбар Муҳаммад тавҳин шудааст.
XS
SM
MD
LG