Пайвандҳои дастрасӣ

Масорифи Толибон 400 миллион доллар боло рафтааст


Бино ба гузориши нави СММ, масорифи молии Толибон дар соли гузашта 400 миллион доллар боло рафтааст. Ин маблағро онҳо аз ҳисоби молиёт ё андоз, хайрияҳо ва аз ҳисоби молиёт бастани тоҷирони Афғонистон ба даст овардаанд.

Дар гузорише, ки гурӯҳи нозир бар таҳримҳо ба Шӯрои Амният фиристодааст, гуфта мешавад, ки 275 миллион доллари ин маблағ ба раҳбарони Толибон расидааст ва маблағи боқимондаро Толибони маҳалҳо истифода кардаанд.

Толибон 10 дарсади даромад аз ҳосили зироатро молиёт мегиранд, ба вижа даромад аз кишти маводи мухадирро. Ба тоҷирону мардум 2,5 дарсад аз дороӣ молиёт бастаанд. Толибон ҳатто барои обу барқ низ молиёт ҷорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG