Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори Егоревски Маскав ветнамиҳо қурбон шудаанд


Дар корхонаи дӯзандагии Егоревски назди Маскав дар бинои пойафзолдӯзӣ, ки рӯзи сешанбе дар натиҷаи сӯхтор 14 нафар шаҳрвандони Ветнам ба ҳалокат расиданд ва 4 нафари дигар аз оташ осеб дида буданд, тақрибан 60 нафари дигар шаҳрвандони Ветнамро пайдо кардаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ҳамаи онҳо дар ҳамон бинои оташгирифта кор ва зиндагӣ мекардаанд. Онҳо ҳақи иқомат ва кор дар Русия надоштаанд. Ҳоло ҳам барои сӯхтор ва ҳам барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ парванда боз шудааст.

Дар хабарҳои қаблие, ки матбуоти Русия пахш кард, гуфта мешуд, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Вале дар хабарҳои баъдӣ ин иштибоҳро ислоҳ карданд ва маълум шуд, ки онҳо шаҳрвандони Ветнам будаанд.
XS
SM
MD
LG