Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости аъзои Маҷлиси Эрон аз Бонки марказӣ


Порламони Эрон
Порламони Эрон
Гурӯҳе аз аъзои порламони Эрон, ки ба сиёсатҳои Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳур назари интиқодӣ доранд, аз Бонки марказии ин кишвар хостаанд, ки аз арзиши риёл дар бозор ҳимоят кунад.

Ин даъват дар ҳоле садо додааст, ки ҳафтаи ҷорӣ арзиши риёл зери таъсири таҳримҳои байналмиллалӣ ба поинтарин нуқтаи арзиши худ расид. Рӯзи душанбе арзиши як доллар ба 26 ҳазор риёл баробар шуд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба як соли пеш 50 дарсад поинтар аст, вале фақат аз рӯзи панҷшанбеи гузашта дар давоми се рӯз 17 дарсади дигар поин рафтааст.

Аммо арзиши давлатӣ барои як доллар 12, 2 риёл муқаррар шудааст. Дар ин рӯзҳо эрониён талош доранд риёлҳои худро бо пулҳое мубодила кунанд, ки дорои арзиши қаввӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG