Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон 15 узви Ансоруллоҳ маҳкум шуданд


Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи сешанбе 15 нафарро, ки гуфта мешавад, узви Ҷамоати Ансоруллоҳ-созмони мамнуи исломӣ будаанд, ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон кард. 12 нафари онҳо дар мурофиаи додгоҳии паси дарҳои баста аз 5 то 24 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Як нафари дигар 2 сол шартан маҳкум ба зиндон шуд. Ду нафари дигарро додгоҳ ҷарима ва раҳо кард.

Бештари ин афрод дар нооромиҳои моҳи маи соли 2011 дар водии Рашт боздошт шуда буданд. Мурофиаи додгоҳии ин гурӯҳ 30 август оғоз шуда буд.
XS
SM
MD
LG