Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 2 корхонаи Покистон 34 нафар қурбони сӯхтор шуданд


Рӯзи сешанбе дар ду корхонаи алоҳидаи Покистон сӯхтор ба амал омад ва 34 коргар қурбони ин сӯхторҳо шуданд. Кормандони беҳдошт мегӯянд, ки дар сӯхтори корхонаи пойафзол дар шаҳри Лоҳур 23 нафар сӯхтаанд ва дар маҳали сӯхтор ҷон додаанд. Ба гуфтаи мақомот, мумкин аст шумораи кушташудагон афзоиш ёбад.

Дар як ҳодисаи дигари сӯхтор дар корхонаи либосдӯзии шаҳри бандарии Карочӣ кормандони наҷот гуфтаанд, ки 11 нафар қурбони оташ шудаанд ва 30 нафари дигар сахт осеб дидаанд.

Дар бораи сабабҳои оташсӯзӣ хабар дода намешавад.
XS
SM
MD
LG