Пайвандҳои дастрасӣ

Маргталабе дар Туркия як афсари пулисро кушт


Мақомоти Туркия мегӯянд, як бомбгузори маргталаб рӯзи сешанбе шаҳри Истанбул як афсари пулисро кушт ва 7 нафари дигарро захмӣ кард. Аксари маҷрӯҳон раҳгузарон будаанд. Ҳусейн Чапкин, раиси пулиси Истанбул гуфт, бомбгузори маргталаб аввал норинҷакеро ба сӯи идораи пулис дар маҳаллаи Султонғозӣ партоб карда ва сипас худро дар наздикии идора таркондааст. Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст. То кунун ҷудоихоҳони тундрави курд, гурӯҳҳои ифротии чапгаро ва тундравони исломӣ чунин ҳамлаҳоеро дар Истанбул анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG