Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳиш: Путин дигар "қаҳрамон" нест


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Маркази афкори умум дар Русия (ВЦИОМ) мегӯяд, шаҳрвандони ин кишвар дигар Владимир Путинро ба унвони “қаҳрамон” қабул надоранд.

Бинобар таҳқиқоти ин марказ, дар тӯли даҳ сол, аз соли 2002 то соли 2012 Владимир Путин чаҳоряки ҷонибдорони худро аз даст додааст. Теъдоди нафароне, ки аз Путин таассуроти матлуб доштанд 20 дарсад коҳиш ёфта, аз 79% ба 59% поин омадааст. Ба навиштаи нашрияи "Коммерсант" дар ин миён шумори нафароне, ки Путин ба онҳо таъсири номатлуб доштааст, аз 8 то 22 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дмитрий Орлов, сиёсатшинос ва узви Палатаи Ҷамъиятии Русия гуфтааст, устура ё мифи Путин, дар замоне, ки мардум ӯро ҳамчун наҷотбахши кишвар унвон мекарданд, таъсири худро гум кардааст. Сиёсатшиносони дигар лаҳни шадид дар гуфтори Путин ва тасвиби қонунҳои сахтгиронаи ӯро, талоши нерӯ бахшидан ба Дмитрий Орлов, сиёсатшиноси рус

Дмитрий Орлов, сиёсатшиноси рус

аксарияти муҳофизакор маънидод кардаанд. Ба бовари коршиносони рус, ҳатто ҳиллаҳои сиёсие монанди “парвоз бо турнаҳо” наметавонанд маҳбубияти гузаштаи ӯро ҳамчун “раҳбари миллат” барқарор кунад.

Сиёсатшинос Глеб Павловский, ки замоне ба Кремлин наздик буд, мегӯяд, “Путин худро дигарбора мураттаб мекунад. Ӯ дар фикри таҳияи сенарияи оянда аст, ки дар зимн хоси Путини қаблӣ нест, ки фурсатталаб буд ва бадоҳатан кор мекард.”

Глеб Павловский мегӯяд, айни замон Путин намехоҳад “диктатор” бошад ва ин калимаро дӯст намедорад, аммо ӯ ба системае ниёз дорад, ки аз хати кашидааш берун наравад ва нақши ӯро ҳамчун фигураи калидӣ зери суол набарад.

Кошиносон мегӯянд, решаи таъсиси “Политбюро”, низ дар ҳамин нуҳуфтааст. Яъне кишварро раҳбарони кланҳои бонуфуз идора мекунанд, аммо ин система бе Путин аз кор мебарояд. Ба ибораи дигар, Путин мавқеъи худро бо бетону семент мустаҳкам кардааст.

Аммо Глеб Павловский мегӯяд, ин сохтор рӯ бу фурӯпошист: “Путин фикр мекунад, ки вазъиятро таҳти назорат дорад. Аммо ин тавр нест. Ӯ саркалобаи худро гум кардааст. Ҳолате, ки маъмулан раҳбароне гирифтор мешаванд, ки ҳам аз шаҳрвандон ва ҳам аз синфи ҳукмрон канда шудаанд.”

Ончӣ ба “парвоз бо турнаҳо “ марбут мешавад, ба назари Глеб Павловский, Путин ҳаргуна иқдом ва саҳнасозиҳоро дӯст медорад. Аммо ба гуфтаи ин сиёсатшинос, эҳтимолан дар атрофи раиси ҷумҳур нафари боҷуръате намондааст, ки иқдомоти ӯро “фильтр” кунад ва гӯяд “Владимир Владимирович ин корро накунед”, коре мисли парвоз бо турнаҳо, ки Путинро масхараи блогнависон кард. “Путин бо хоҳишҳову фантазияҳои худ як ба як мондааст ва касе нест, ки “қил”-и ӯро бикашад”.

Коршиноси рус аз маркази “Левада” Алексей Левисон мегӯяд, дар тамоми дунё рейтинг ё эътибори раҳбарон оинаест, ки дар он сиёсати муваффақ ё нокоми онҳо инъикос меёбад. Путин пойбанди ин талабот набуд, аз ин рӯ ретинги ӯро “тафлунӣ” (тафлоновый) номидаанд: «Ин гуна раҳбар, на барои муроқибат аз сиёсат ва корҳои хоҷагӣ, тавре аз сарварони дигар талаб мешавад, балки барои “Шарафмандии Русия” даркор буд.”

Ин коршинос мегӯяд, аз рӯи рейтинг муносибат ба шахсияти Путин дигар нашудааст, аммо барои аввалин бор аксарият, яъне 51 дарсад масъулияти мушкилот дар кишвар ва афзоиши қиммати зиндагиро бар дӯши Путин гузоштанд. Ин ба маъноест, ки акнун бахши умдаи шаҳрвандони Русия Путинро ҳамчун президенти маъмулӣ қабул мекунанд: президенте, ки барои корҳои хубаш бояд таъриф шунавад, вале барои нокомӣ сарзаниш шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG