Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ҷинояти шӯравӣ дар Катинро медонистааст


Шавоҳиди нав нишон додааст, ки ҳукумати Амрико, қатли оми 22 ҳазор афсарону зиёни лаҳистонӣ дар соли 1940 аз тарафи нерӯҳои шӯравиро пинҳон доштааст. Хабаргузориии “Ассосийтед Пресс” мегӯяд, асноде, ки Бойгонии Миллии Амрико дастраси умум кард, нишон медиҳад, ки Амрико ба хотири осеб надидани муносибот бо шӯравии собиқ, дар бораи ин ҳодиса хомӯшӣ ихтиёр кардааст. Дар ин санадҳо омадааст, ки соли 1943 асирони амрикоӣ ба Амрико паёмҳои сиррӣ фиристодаанд, ки дар ҷангали Катин аҷсоди дар ҳоли пӯсиданро дидаанд. Асиронро олмониҳо барои дидани ин саҳна ба ҷангали Катин ба вилояти Смоленск бурдаанд. Санадҳо нишон додааст, ки лаҳистониҳоро қабл аз ишғоли ин минтақа аз тарафи фашистони олмонӣ, худи шӯравиҳо куштаанд. Русия танҳо соли 1990 ин ҷиноятро эътироф кард.
XS
SM
MD
LG