Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳзаи сукут ба ёди қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябр


Барак Обама ва ҳамсараш Мишелимрӯз аз қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябр ёд карданд.

Раисҷуҳмури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ва бонуи аввали ин кишвар Мишел Обама соати 8:46-и субҳи сешанбе дар Қасри Сафед ба хотири қурбониёни 11 сентябри соли 2001, лаҳзае сукут карданд. Соати 8:46 дақиқан ҳамон лаҳзаест, ки аввалин ҳавопаймои рабудашуда бинои Маркази Тиҷоратро рахна кард. Дар Ню- Йорк низ азодорон маъракаи ёдбудро бо лаҳзаи сукут оғоз карданд.

Ёздаҳ сол қабл дар ҳамин рӯз, Амрико аз сӯи шабакаи Ал-Қоида мавриди ҳамла қарор гирифт. Ёздаҳумин солгарди ин ҳодиса дар ҳолест, ки Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-Қоида кушта ва ин шабака заъиф шудааст.

Дуруст, ёздаҳ сол қабл дар таърихи ёздаҳуми сентябри соли 2001, шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вошингтон мавриди ҳамлаи Ал-Қоида қарор гирифтанд, ки бар асари он ҳудуди 3000 нафар кушта шуданд.

Лаҳзаи сукут ба ёди қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябр
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар суханони ҳафтагии радиоии худ аз мардуми ин кишвар хост то аз низомиёни ин кишвар, қадрдонӣ кунанд: «Бо истифода аз ин фурсат бояд аз шуҷоати касоне қадрдонӣ кард, ки зиндагиашонро дар хатар қарор дода, дар он рӯз нахуст ба ин ҳодиса аксуламал нишон доданд ва аз мардони ва занони низомипӯш бояд ташаккур кард, ки дур аз хонаҳояшон, қурбонӣ медиҳанд то кишвар маҳфуз бошад.»

Раиси ҷумҳури Амрико бо ишора ба кушта шудани Усома бин Лодин дар соли гузашта гуфт: «Мо ҷангро ба суроғи Ал-Қоида бурдем. Раҳбарашонро аз байн бурдем, онҳоро дар масири шикаст қарор додем. Усома бин Лодин дигар Амрикоро таҳдид нахоҳад кард.»

Барак Обама ҳамчунон дар суханронии радиоии худ бо ишора ба рӯйдодҳои баъд аз ёздаҳуми сентябр дар Афғонистон гуфт: «Мо режими Толибонро аз байн бурдем, нерӯҳои амниятии Афғонистон омӯзиш дода бо ҳукумати ҷадиди Афғонистон ҳамкории танготанг дорем. То поёни соли 2014 масъулият ба нерӯҳои афғони супорида шуда, ҷанги мо дар онҷо поён меёбад.»

Барак Обама ҳамчунон аз мардуми Амрико хост то бо тааҳҳуд ба арзишҳо, хотири қурбониёнро гиромӣ дошта ва ба ҷилав бираванд: «Мо амрикоӣ ҳастем ва кишвареро, ки дӯст медорем, ҳифз ва нигаҳдорӣ хоҳем кард.»
XS
SM
MD
LG