Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтиши бозорҳои пойтахт аз сӯи Хадамоти зидди сӯхтор


Шаҳрдори Душанбе ба ҳамаи маъмурони бозорҳои пойтахт ва хадамоти оташнишонии шаҳр дастур дод, ки дар наздиктарин фурсат чораҳои зиддисӯхтор дар бозорҳоро фароҳам биёранд. Шавкат Саидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи сешанбе ба радиои «Озодӣ» гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар нишасти охири худ махсус таъкид кард, дар ҳар бозоре, ки шароити зидди сӯхтор риоя нашавад, фаъолияти он қатъ хоҳад шуд. Ҳодисаи оташсӯзии бозори «Корвон» нишон дод, ки имконоти зидди сӯхтор дар ин бозор ба таври лозим фароҳам оварда нашудааст ва ин сӯхтор ҳам заъфи масъулони бозор ва хадамоти оташнишониро дар амри омода будан барои оташнишонӣ, рӯшан кард. Шавкат Саидов афзуд, аз ин рӯ ҷаноби Убайдуллоев ба хадамоти зидди сӯхтори шаҳр дастур дод, ки дар бозорҳои пойтахт ҷиҳати таъмини амнияти зидди сӯхтор, санҷиши ҷиддӣ анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG