Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии чолишҳои муосири ВАО дар Душанбе


Ҳамоиши рӯзноманигорони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳамоиши рӯзноманигорони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи сешанбе дар Душанбе ҳамоише таҳти унвони «Чолишҳои муосир дар фазои васоити ахбори умум ва нақши матбуот дар Тоҷикистон», оғоз ба кор кард.

Дар ин ҳамоиш намояндагони созмонҳои байналмилалии журналистӣ ва матбуоти маҳалӣ ширкат доранд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳамоиш яке аз мавзӯъҳои муҳим, терроризм ва тундгароӣ дар марҳилаи муосир ҳамчун таҳдид бо ҷомеаи имрӯз баррасӣ мешавад, ки то андозае ба ҳодисаи ҳамлаи 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико, рабт мегирад.

Ҷаноби Қаршибоев гуфт, баргузор шудани ин нишаст дар рӯзи 11-уми сентябр, ҳамраъйӣ ба осебдидагони ин ҳамлаи терористӣ мебошад.

Ёздаҳ сол пеш, дар таърихи 11-уми сентябри соли 2001, бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои рабудаша ба биноҳои Созмони ҷаҳони тиҷорат дар Ню-Йорк ва бинои Пентагон дар Вашингтон ва ҳамчунин инфиҷори ҳавопаймои сеюм дар аёлати Пенсилвания, тақрибан 3 ҳазор нафар афроди осоишта ба ҳалокат расиданд.

Ба қавли Нуриддин Қаршибоев, маҳдуд ва масдуд шудани сомонаҳо дар Тоҷикистон, яке аз мавзӯъҳои дигари ин нишаст ба шумор меояд.

Дар як моҳи ахир ва бо оғози амалиёти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар Хоруғ, чандин торнамоҳо, аз ҷумла сомонаи «Азия плюс» масдуд карда шуд.

Ҳамоиши мазкур бо пуштибонии дафтари «Бунёди байналмилалии ба номи Конрад Аденауер» сурат мегирад. Бунёди мазкур дар соли 1955 дар Олмон таъсис шуда дар 120 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG