Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба ироқиҳо: "Ихтилофотро бар асоси қонун ҳал кунед"


Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва ноиби раиси ҷумҳури вақти Ироқ Ториқ Ҳошимӣ.Акс аз бойгонӣ.

Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва ноиби раиси ҷумҳури вақти Ироқ Ториқ Ҳошимӣ.Акс аз бойгонӣ.

Амрико аз бӯҳрони сиёсии Ироқ, ки баъд аз судури ҳукми қатли муовини раиси ҷумҳури ин кишвар пеш омадааст, изҳори нигаронӣ кард

Додгоҳи Ироқ Ториқ Ҳошимӣ, муовини раиси ҷумҳури фирории ин кишварро барои созмон додани кушторҳои гурӯҳии рақибони худ ба эъдом маҳкум кард ва вай бояд ба дор кашида шавад.

Ҳошимӣ, ки аз суннимазҳабони Ироқ мебошад, ин ҳукми додгоҳро рад кард ва гуфт, ки он ангезаи сиёсӣ дорад.

10 сентябр Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз раҳбарони Ироқ хост, ки муноқишаҳои худро бар асоси қонун ҳал кунанд: “Мо аз ҳамаи раҳбарони Ироқ даъват мекунем, ки баҳсҳои худро дар асоси қонун ва бо назардошти таҳкими амнияти Ироқ барои муддати тӯлонӣ, ваҳдат ва ӯҳдадориҳои демократӣ ҳал кунанд”.

Субҳи рӯзи душанбе, вақте, ки Ҳошимӣ дар Анкара-пойтахти Туркия бо рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, изҳор дошт, ки ба Ироқ бар нахоҳад гашт, агар дар он ҷо ба вай амният ва додгоҳи одилона замонат дода нашавад. Вай ҳамчунин аз ироқиҳо хост, ки ба Нурӣ Ал Моликӣ-нахуствазир мухолифат кунанд, зеро вай талош дорад мухолифатҳои мазҳабиро дар Ироқ доман занад.

Ҳошимӣ гуфт: “Фарзандони миллати дӯстдоштаи ман, ба Моликӣ ва ононе, ки дар паси масъалаҳои мазҳабӣ қарор доранд, ин корро иҷоза надиҳед. Ба тавтеаҳои вай бо оромиву роҳҳои муттамадин бо дарки масъулият ва худдорӣ посух диҳед. Ҳар касе, ки Ҳошимиро дӯст дорад, дар хоки Ироқ касеро ё хориҷиеро озор нахоҳад дод”.

Мурофиаи додгоҳӣ, ки дар он куштори вакили мудофеъ ва як генералро муҳокима мешуд, Ҳошимӣ ва посбонони вайро барои судури 150 ҷиноят муттаҳам эълон кард.

Ҳошимӣ аз болотарин мақоми суннимазҳабон дар Ироқ ба шумор меравад. Вай ба Курдистони Ироқ фирор карда буд ва Курдистон нахост вайро таслим кунад. Сипас вай ба Қатар ва аз он ҷо ба Арабистони Саудӣ рафт. Баъдтар, яъне аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар Туркия паноҳанда гирифт. Ҳукми қатли Ҳошимӣ 9 сентябр эълон шуд.
XS
SM
MD
LG