Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сомалӣ устоди донишгоҳ президент интихоб шуд


Намояндагони порламони Сомалӣ Ҳасан Шайх Муҳаммад-устоди 56 солаи донишгоҳи кишвари худро раиси ҷумҳур интихоб карданд. Вай дар даври дуввуми райдиҳӣ бар рақиби худ, раиси ҷумҳур Шариф Шайх Аҳмад баранда шуд.

Шариф бохти худро эътироф кард ва Муҳаммадро барои ин пирӯзиаш табрик гуфт. Муҳаммад дар гузашта дар чанд созмони милливу байналмиллалии сулҳ ва демократия кор кардааст.

Аз соли 1991 ба ин сӯ бештари қисматҳои Сомалӣ зери назорати ҳукумати марказӣ қарор надорад.
XS
SM
MD
LG