Пайвандҳои дастрасӣ

Қадами навбатии Косово дар роҳи таҳкими истиқлол


Ббарак Обама

Ббарак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз хатми назорати байналмиллалӣ бар Косово ситоиш кард ва онро дар истиқлоли ин кишвар “марҳилаи муҳими таърихӣ” номид. Вай гуфт, Косово дар роҳ ба сӯи якпорчагӣ барои истиқлол ва ба вуҷуд овардани институтҳои нави бисёрмиллиятӣ ва демократӣ ба пешрафтҳои чашмгир ноил шуд.

Косово рӯзи душанбе қадами дигаре дар роҳи истиқлол бардошт ва назорати Гурӯҳи идории байналмиллалӣ ба поён расид. Ин гурӯҳ аз соли 2008 ба ин сӯ, аз замони истиқлоли Косово аз Сербистон дар Косово фаъолият мекард.
XS
SM
MD
LG