Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизҳо ва тоҷикон ҳамкориҳои марзиро баррасӣ карданд


Хабаргузориҳои Қирғизистон иттилоъ додаанд, ки 10 сентябр дар Қизил Қия мулоқоти кории раҳбарони шӯъбаҳои умури дихилаи Қирғизистону Тоҷикистон баргузор шудааст.

Ин мулоқотро Зарилбек Рисалиев-вазири корҳои дохилаи Қирғизистон созмон додааст. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои марзии миёни ду кишвар, сабабҳои сар задани муноқишаҳои марзӣ ва роҳҳои бартараф кардани он баррасӣ шудааст.

Дар поёни мулоқоти корӣ дар бораи созмон додани ҳамкориҳои марзӣ ҷонибҳо протокол имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG