Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳои Амрико аз ихтилофоти раҳбарияти Ироқ


Виктория Нуланд

Виктория Нуланд

Амрико мегӯяд, ки аз бӯҳрони пешомадаи сиёсӣ дар Ироқ нигарон аст. Ин бӯҳрон баъд аз судури ҳукми қатли Тариқ Ҳошимӣ-муовини раиси ҷумҳури фирории Ироқ пеш омадааст. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт:

“Мо аз ҳамаи раҳбарони Ироқ даъват мекунем, ки баҳсҳои худро дар асоси қонун ва бо назардошти таҳкими амнияти Ироқ барои муддати тӯлонӣ, ваҳдат ва ӯҳдадориҳои демократӣ ҳал кунанд”.

9 сентябр додгоҳи Ироқ эълон кард, ки Ҳошимӣ ба кушторҳои гурӯҳӣ муттаҳам дониста мешавад. Ҳоло Ҳошимӣ дар Туркия паноҳ мебарад. Вай аз сиёсатмадорони суннимазҳаби Ироқ ба шумор меравад ва ин иттиҳомотро қабул надорад. Ҳошимӣ мегӯяд, ки ин иттиҳомот ангезаи сисёсӣ доранд.

Ҳошимӣ инкор кард, ки ба Ироқ бар нахоҳад гашт, агар ба вай амният ва додгоҳи одилона замонат дода нашавад.

.
XS
SM
MD
LG