Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаи аввали ТВ Тоҷикистон 24-соата шуд


Бинои Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон.

Бинои Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон.

«Шабакаи аввал»-и Телевизиони Тоҷикистон дар арафаи иди истиқлол ба пахши шабонарӯзии барномашҳояш оғоз кард.

«Шабакаи аввал» баъди «Ҷаҳоннамо» дуввумин телевизиони давлатист, ки барномаҳояш 24 соат дар шабонарӯз пахш мегардад. Дар давоми 7 соли охир ин шабака дар шабонарӯз 18 соат барнома пахш менамуд.

Пахши шабонарӯзии барномаҳои «Шабакаи аввал»-и телевизиони Тоҷикистон тӯҳфае барои мардуми ин кишвар ва кулли тоҷикони бурунмарзӣ ба ифтихори 21 -умин солгарди истиқлоли кишвар унвон шудааст.

Дилафрӯз Амирқулова, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, ин иқдом бештар бо хоҳиши тоҷикон дар хориҷи кишвар амалӣ шудааст: «Аз Аврупо масалан, чандин нафар аз сафоратхонаҳо занг зада гуфтанд, ки мо мехоҳем тамошо кардан, вале аз кор, ки бармегардем, соати 9-10 аст ва аллакай эфири шумо тамом мешавад. Мо хостем, ки шабонарӯзӣ шавад ва онҳо ҳам аз барномаҳои «Шабакаи якум» баҳраманд шаванд».

Ба пахши шабонарӯзӣ гузаштани барномаҳои «Шабакаи аввал» дар ҳолест, ки таваҷҷӯҳи мардум ба тамошои барномаҳои ин шабака дар солҳои охир коста шудааст. Ин шабака ҳатто дар барномаи ахбораш аз инъикоси рӯйдодҳои доғи рӯз парҳез мекунад ва барои мисол, сӯхтор дар бозори "Корвон" дар Ахбори шабакаи аввал пӯшиш наёфт ва ҳамин тавр, дар рӯзҳое ки вазъи Хоруғ буҳронӣ шуда буд, шабакаҳои давлатӣ фақат аз заминҳои кишти Бадахшон гузориш медоданд, ки деҳқонон чигуна ба мавсими ғунучуни ҳосил омодагӣ мегиранд.

Фирӯза, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, мӯҳтавои барномаҳои «Шабакаи аввал» ва дигар телевизионҳои давлатӣ якранг ва дилбазан буда, навовариро мехоҳад. Ӯ мегӯяд, аз ин рӯ тавассути моҳвора барномаҳои шабакаҳои русиро бештар тамошо мекунад. Фирӯза афзуд: «Шоу-барномаҳое, ки телевизионҳои Русия намоиш медиҳад, як барномаи шавқовар, барномае, ки ҳамаро ба суйи худ мекашад, дар телевизиони мо ҳамин чиз дида намешавад ё ин ки суруду мусиқиҳое, ки барои мардум ҳаловатбахш бошад. Имрӯз мебинӣ касе ақаллан як суруд хонда метавонад, дар экрани телевизионҳо намоиш дода мешавад. Лекин суруди ӯро гӯш мекунӣ, ба ҷуз сухтаму пухтам, боз як ду калимаи ошиқӣ, ягон маъно надорад».

Фирӯза афзуд, модоме телевизионҳои давлатӣ асосан аз ҳисоби андозсупорандагон, яъне шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бояд барномаҳое таҳия ва пахш созанд, ки дархӯри мушкилот ва талаботи феълии аҳолӣ бошад.

Ба гуфтаи Комрон, як ҷавони тоҷик, ки дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Узбакистон зиндагӣ мекунад, ба таври шабонарӯзӣ пахш шудани шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон иқдоми хуб аст, аммо беҳтар мебуд дар баробари ин, ба сифати барномаҳо ва шеваи пешниҳоди ҷолиби онҳо низ таваҷҷӯҳ зоҳир шавад.

Комрон гуфт: «3-4 сол шуд ман шабакаҳои Тоҷикистонро тамоман тамошо намекунам. Ягон шабакаи он ба ман маъкул нест. Агар телевизор тамошо кунам ҳам, каналҳои Узбакистон, «Ёшлар»-ро мебинам. Чунки барномаҳои ҷолиб дорад. Дар телевизионхои Тоҷикистон бошад, на пешравии санъатро ҳис мекунӣ, на рушди киноро ва ҳоказо».

Коршиносон мушкили паст будани мӯҳтавои барномаҳои шабакаҳои телевизиониро ба масоили молӣ рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ки агар имкониятҳои молӣ ва кадрӣ муҳаё шавад, на танҳо шабакаҳои мустақил, балки шабакаҳои давлатӣ метавонанд дорои тамошобини зиёд гарданд.

Шаҳло Акобирова

Шаҳло Акобирова

Шаҳло Акобирова, раиси созмони иҷтимоии «Хома» мегӯяд: «Ман фикр мекунам, ки агар имкониятҳои молиявӣ бештар даст медод, шабакаҳои моро хубтар мешуд. Агар барномахои нав, лоиҳаҳои нав, тарҳҳои нав бо сабку усули ҷадид ва тоза агар ба бинандагон пешкаш кунанд, хубтар аст, нисбат ба он ки соати пахши эфири телевизионро зиёдтар мекунанд».

Дилафрӯз Амирқулова, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳам эътироф мекунад, ки дар ҳоли ҳозир шабакаҳои телевизионӣ мушкили кадрҳои ҳирфаӣ доранд: «Мо мутахассис, журналистҳои профессионал он қадар зиёд надорем. Лекин мо кӯшиш мекунем дар оянда лоиҳаҳои нағзтару беҳтарро аз берун ҳам ҷалб намоем. Бо онҳо шартнома мебандем ва гонорарашонро мегиранд».

Аммо хонум Амирқулова меафзояд, ки бо вуҷуди шабонарӯзӣ шудани фаъолияти Шабакаи аввал, буҷаи он ва теъдоди коргарон афзоиш нахоҳад ёфт, зеро пахши шабонарӯзии барномаҳояш асосан аз ҳисоби такрори барномаҳое, ки аз соати 6 субҳ то 12 шаб пахш мешаванд, таъмин хоҳад шуд.

Зимнан, доираи пахши Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон 99 дарсади қаламрави кишварро фаро мегирад. Аммо бо вуҷуди баргузории мониторинг ва назарпурсиҳо, то кунун масъулони ин шабака гуфта наметавонанд, ки ин шабакаи давлатӣ чӣ теъдод тамошобин дорад.

Ба таъкиди соҳибназарон, бо он ки Шабакаи аввал, таърихи беш аз нимасра дорад ва дар 40 кишвари хориҷӣ қобили тамошо аст, аммо ду шабакаи ҷадид - «Сафина» ва «Баҳористон» дар миёни тамошобин аз маҳбубияти бештаре нисбат ба Шабакаи аввал бархӯрдоранд. Дар Душанбе чанд сол боз телевизиони мустақили СМТ низ рӯи кор омадааст, вале ба маҳзи имконоти маҳдуди фаннӣ, қаламрави фаротар аз пойтахт ва чанд ноҳияи атрофашро пӯшиш дода наметавонад.

Соҳибаи Кароматуллоҳ, Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG