Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як қадами дигар барои истиқлоли комили Косово


Ҳошим Тачӣ-сарвазири Косово

Ҳошим Тачӣ-сарвазири Косово

Имрӯз Идораи байналмилалии мулкӣ, ки аз тарафи кишварҳои ғарбӣ баъди эълони истиқлоли Косово аз Сербия дар соли 2008-ум ташкил шуда буд, дарҳояшро баст. Дар ҳамин ҳол нерӯҳои ҳомии сулҳи зери сарпарастии паймони НАТО ва нерӯҳои зери сарпарастии Иттиҳодияи Аврупо иҷрои вазифаҳояшон дар Косоворо ҳамоно идома медиҳанд. Сарвазири Косово Ҳошим Тачӣ баста шудани Идораи байналмилалии мулкиро қадами бузурге дар роҳи расидан ба истиқлоли комил номидааст. Тачӣ мегӯяд, кишвараш баҳри узвият дар Иттиҳодияи Аврупо, паймони НАТО ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ талош меварзад.
XS
SM
MD
LG