Пайвандҳои дастрасӣ

Алвидоъ, осори хаттӣ ва марҳабо, флеш-картаву Фейсбук?


Ҳусни хат ё хушнависӣ дар тӯли даҳсолаҳо як фанни маъмулӣ дар барномаи дарсии макотиби дунё буд.

Вале бо густариши истифодаи компутар бархе кишварҳо ин фаннро аз барномаи ҳатмии тадрис хат мезананд, чунки мегӯянд, рӯзи наслҳои оянда беҳусни хат ҳам хоҳад гузашт...

Мо таърихи худро имрӯз асосан аз саҳифаҳои осори хаттие меомӯзем, ки аз аҳди бостон ба ин сӯ бароямон ёдгор мондааст. Дастнависҳои қадим, ки дар пӯсти дарахту қоғазҳои манускрипт, осори котибони қуруни вусто дарҷ шудааст, ёдгорест, ки аҷдоди мо барои мо боқӣ гузоштааст. Аммо бо онки осори хаттӣ бо рушди фанновариҳо ба тадриҷ мемирад, оё таърихи имрӯзро аҳли фардо аз куҷо хоҳанд омӯхт? Аз СДҳову флеш-картаҳо? Ё аз бойгонии Фейсбуку Гугл?

Тайлер Медери 13-сола, ки дар канори Чикагои Амрико ба сар мебарад, бо таҳсили хубу эътибораш дар мактаб як хонандаи намунавии синфи 8 аст. Ӯ хуб дар ёд дорад, ки чигуна дар синфи 3 устодаш ба тадриси ҳусни хат пардохт:
“Ман ин фаннро дӯст доштам, чунки зуд навиштанро дӯст медорам. Ва шакли хаттии ҳарфо барои зуднависӣ хеле хуб буд.”

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Вале ин дарси онҳо ним сол пеш анҷом ёфт ва Тайлер, ки баъди чанд муддат хост чизеро бо даст нависад, дид, ки ҳусни хатташ хеле бад шудааст: “Ман хеле зуд навиштам ва дидам, ки ҳусни хатам чандон хуб нест. Фикр мекунам, агар дарсҳои бештар медоштам, ҳусни хаттам шояд каме беҳтар мешуд.”

Модари Тайлер–Мередит мегӯяд, дар гузашта ҳангоми тадриси хушнависӣ ҳар калимаро такрору батакрор менавиштанд, ки тарзи навишти хаттии ҳарфҳо дар ёди кас нақш шавад. Вале акнун ҳуруфи чопӣ онқадар бар зеҳни атфол ғалаба кардааст, ки ба гуфтаи Мередит, писараш аз як номаи бо даст навиштаи ӯ чизе нафаҳмид.

Рушди фанновариҳо, ки шумори афзояндаи атфолро вобастаи компутар мекунад, то баста ба қаламу қоғаз, ин шикофи байни наслҳоро метавонад боз ҳам амиқтар кунад. Дар Амрико хушнависӣ як бахши муҳими барномаи дарсии макотиби миёна маҳсуб мешуд ва толибилмон ҳунари хушнависии худро тайи чанд сол сайқал медоданд. Вале ҳоло беш аз 80 дарсади макотиби Амрико ҳусни хатро аз барномаи дарсӣ хориҷ ва ба ҷои иттифоқан таълими навишти компутарӣ ва фанновариҳои дигарро ҷорӣ кардаанд.

Ин тағйирот мояи парешонии ҷонибдорони хушнависӣ шудааст. Барбара Геттӣ – ҳаммуаллифи китоби “Write now”, ё “Ҳоло бинвис”, ки як роҳнамои хаттотӣ ё каллиграфия аст, дар тӯли беш аз 40 сол дар як мактаби аёлати Орегон омӯзгори ҳусни хат буд. Хонум Геттӣ мегӯяд, кӯдак аз азоби бо даст навиштан чизи зиёдтареро ёд мегирад:

“Ба назари ман, кӯдакон навиштанро дӯст медоранд. Худи сиёҳ кардани қоғаз барои онҳо хушоянд аст. Аммо мардум фикр мекунанд, ки бо даст навиштан муҳим нест. Ба таълими ҳусни хат кам аҳамият медиҳанд. Албатта, ба истиснои чанд омӯзгоре, ки мехоҳанд шогирдонашон ҳусни хатти хуб дошта бошанд. Ва ин ки фанни ҳусни хатт дар мактабҳо ба як масъала табдил ёфтааст, риққатовар аст.”

Ин раванд дар бисёр кишварҳои Ғарб роиҷ шуда, дар макотиби ин бахши дунё дигар ба мазмун ва сифати иншоҳои толибилмон аҳамият қоиланд, то ба ҳусни хатти толибилм ё ҳатто мурооти қоидаҳои имло. Вале дар кишварҳое, чун Афғонистон, хушнависӣ ҳамоно маъмул буда, ин мардум мӯътақиданд, ки “ҳусни хати хуб нисфи дониш аст.”

Дар Русия ҳам, ки навишти чопӣ ва хаттии ҳарфҳои кирилик хеле фарқ мекунад, ҳусни хатро дар мактабҳо то 4 сол дарс медиҳанд ва дар ин кишвар чӣ атфол ва чӣ насли калонсол дастнависро баробари адабиёти чопӣ равон мехонад.

Вале бархе нозирони ғарбӣ нигаронанд, ки наслҳои ҷавонтар шояд дар оянда дар мутолиаи дастнависҳо ба ҳадди осори хаттии қуруни вусто мушкил бикашанд. Ба гуфтаи бархе, ин насл Стив Граҳам, профессори риштаи омӯзгории Донишгоҳи Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

аёлати Аризонаи Амрико иқрор мекунад, ки ҳусни хатти “хеле бад” дорад, вале ба онки санъати хушнависӣ аз даст меравад, чандон месӯзад.

Стив Граҳам нигаронии онҳоеро ҳам, ки мегӯянд, насли оянда ҳатто тавони навиштани имзои худро гум хоҳад кард, муболиғаи беш аз ҳадд медонад хонд ва гуфт: “Барои мисол, мегӯянд, ки атфол Қонуни асосиро хонда наметавонанд. Аммо шумо ҳоло ин китобро зиёд мутолиа мекунед? Баъдан, дар шакли китобии он ҳам ягон маълумот ё ҳатто ягон ҳарф иваз намешавад.Аз сӯи дигар, фикр намекунам, ки мо шоҳиди поёни бо даст навиштан хоҳем шуд.

Ба фарқ аз навиштаҳои қолабӣ ва берӯҳи чопӣ дастнавис ба ҳар сурат як ҷони зиндае дошт ва эҳсосоти нависандаашро ҳам фаро мегирифт. Дастнавис аз ин рӯ барои аҳли фаҳм маълумоти изофиеро дар бораи муаллифаш медод, ки чӣ касесту ин саҳифаро дар кадом ҳавлу ҳол “сиёҳ” кардааст? Як илми алоҳида низ бо номи графология вуҷуд дорад, ки табиати одамро аз рӯи ҳусни хатташ муайян мекунад.

Вале ба назари бисёриҳо, ҷои хушнависиро гирифтани ҳуруфи чопӣ монанди омадани мошинҳои худрав ба ҷои аспу шутур аст. Албатта, аспсаворӣ лаззати дигар дошт, вале ҳоло аз ин миллиардҳо ронанда оё чанд нафараш ба ёди гузашта месӯзад, ки чаро даври самандҳои бодпо гузашт?

Пас, алвидоъ, осори хаттӣ ва марҳабо, флеш-картаву Фейсбук?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG