Пайвандҳои дастрасӣ

Муфаттишони ҳастаӣ мехоҳанд Парчинро бубинанд


Юкия Амано-раиси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ

Юкия Амано-раиси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ

Раиси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ аз Эрон тақозо кардааст, ки ба муфаттишони ин созмон "бидуни таъхир" имкони назорат аз коргоҳи Парчинро фароҳам орад.
Рӯзи душанбе Юкия Амано ба Шӯрои мудирони Агентӣ гуфт, фаъолиятҳо дар коргоҳи Парчин аз он шаҳодат медиҳанд, ки эҳтимол дар он ҷо поккорӣ сурат гирифта бошад. Ба гуфти Амано тақдими чунин иҷозат ва вақти он ба тафтиши муфаттишони Агентӣ таъсир хоҳад гузошт.
Раиси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ меафзояд, аз моҳи январ ба ин тараф музокирот ба хотири зиёрат аз коргоҳи Парчин, воқеъ дар ҷанубу шарқи Теҳрон идома доранд, вале то ҳол натиҷае ҳосил нашудааст.
Моҳи гузашта дар як паёмаш Эрон ба бунгоҳи ҳастии СММ мақомоти Теҳрон иттиҳоми фаъолиятҳои ҳастаӣ дар коргоҳи Парчинро комилан беасос номида буд.
XS
SM
MD
LG