Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳошимӣ ҳукми эъдомашро беасос хонд


Ториқ ал-Ҳошимӣ-ноиб-президенти фирории Ироқ
Ториқ ал-Ҳошимӣ-ноиб-президенти фирории Ироқ
Рӯзи душанбе дар Анкара ноиб-президенти фирории Ироқ Ториқ ал-Ҳошимӣ ба хабарнигорон гуфт, муҳокимаи ӯ, ки дар ғиёбаш доир шудааст, амали сохтакорона буда, айбномаи ӯ ҳадаҳфҳои сиёсӣ дорад. Ҳошимӣ, ки мусулмони суннимазҳаб аст, аз ироқиҳо даъват кард ба сарвазири шиамазҳаби ин кишвар Нурӣ ал-Моликӣ, ки ба гуфти Ҳошимӣ мехоҳад ихтилофҳои мазҳабиро тарҷеҳ диҳад, муқовимат кунанд. Рӯзи якшанбе додгоҳи Ироқ Ҳошимиро бо ташкили гурӯҳҳои қотили рақибонаш муттаҳам карда, ба марг маҳкум кард. Дар худи ҳамон рӯз дар саросари Ироқ бар асари чандин бомбгузорӣ ва ҳамлаи ошӯбгарон даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Соли равон вақте амри боздошти Ҳошимӣ содир шуд, ӯ аз Ироқ ба Туркия фирор кард.
XS
SM
MD
LG