Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав аз мавқеи НАТО дар Қафқоз нороҳат аст


Александр Лукашевич-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, паймони НАТО аз ҳаводиси ахири ҷануби Қафқоз сабақ нагирифтааст. Рӯзи шашуми сентябр аснои зиёрат аз Гурҷистон дабири кулли НАТО гуфта буд, ки дар оянда хонаи Гурҷистон дар НАТО мебошад. Рӯзи душанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон Лукашевич гуфт, изҳороти НАТО аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳанӯз ҳам ҳаводиси фоҷеабори ҷануби Қафқоз барои паймон сабақ нашудаанд ва НАТО ба Гурҷистон ишораҳои ташвиқкунанда мефиристад. Лукашевич меафзояд, ба ақидаи Маскав музокирот дар мавриди узвияти эҳтимолии Гурҷистон дар паймони НАТО ба таҳкими назму суботи минтақа кумак нарасонида, раҳбарияти Гурҷистонро “ба худдорӣ аз эътирофи воқеиятҳои сиёсии минтақа ташвиш мекунад.” Баъди ҷанги Русияву Гурҷистон дар соли 2008-ум Маскав манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистони Гурҷистонро ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол эътироф кардааст.
XS
SM
MD
LG